Амали террористӣ дар Анқара 34 кушта бар ҷой гузошт

ASIA-Plus



Дар амали террористие, ки нимаи дуюми рӯзи якшанбе дар пойтахти Туркия – шаҳри Анқара содир шуд, 34 нафар ба ҳалокат расиданд.

Хабаргузории Reuters бо истинод ба вазири тандурустии Туркия Мехмет Муаазиноғлу дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки айни замон 125 нафари аз ин амал осебдида дар бемористонҳо бистарӣ буда, вазъи 19 тан аз онҳо хеле вазнин аст.

Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки ҳадди ақал 1 ё 2 нафари ҳалокшудагон бар асари таркиш худи террористони амалро содиркарда мебошанд.

Вазири корҳои дохилии Туркия Эфкан Ала изҳор доштааст, ки сабаби таркиш автомобили минагузоршуда аст ва имрӯз тафтишоти ин амали террористӣ ба анҷом расида, аз натиҷаҳои он хабар дода мешавад.

Тибқи маълумоти пешакӣ, ин ҳодисаи фоҷеабор дар шафати боғи Гювен, каме дуртар аз нуқтаи бузурги баҳамоии нақлиёти шаҳри Анқара ба вуқӯъ пайваста, террористи маргталаб автомобили минагузоришударо дар паҳлӯи истгоҳи автобусҳо мавриди инфиҷор қарор додааст.

Ба гуфтаи намояндаи сохторҳои қудратии Туркия, алҳол ҳеҷ кадоме аз созмонҳои террористӣ масъулияти ин амалро ба дӯш нагирифтаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Наврӯз – бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ҳамаи мардуми шарифи кишварро бо ҷашни Наврӯз табрик мегӯяд.

Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" хонандагону корбарони худро бо иди Фитр табрик мегӯяд.

Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд

Ӯ чун шоҳид дар доираи ду парвандаи ҷиноӣ бозпурсӣ мешавад.

Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон

Дар баъзе минтақаҳо ҳатто боридани барф дар назар аст

Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе – Хуҷанд баланд шудааст?

Дар моварои иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз, ки дар...

Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард

Бо чанде аз шартҳо онҳо ба тарки кишвар ё гирифтани патент барои худ уҳдадор мешаванд.