Омодагии аз 400 то 600 ҷангии ДИ барои амалҳои террористӣ дар Аврупо

Гурӯҳи террористии ба ном Давлати исломӣ (ДИ) барои содир намудани амалҳои террористӣ дар Аврупо, ки қаблан дар шаҳрҳои Брюсселу Париж ба вуқӯъ пайвастанд, аз 400 то 600 нафар ҷангиёнро омода намудааст. Дар ин бора АР бо истинод ба чор мансабдори махфӣ, аз ҷумла дар Ироқу Аврупо хабар медиҳад . Ин рақамҳоро сенатори фаронсавӣ Натали Гуле, […]



Гурӯҳи террористии ба ном Давлати исломӣ (ДИ) барои содир намудани амалҳои террористӣ дар Аврупо, ки қаблан дар шаҳрҳои Брюсселу Париж ба вуқӯъ пайвастанд, аз 400 то 600 нафар ҷангиёнро омода намудааст. Дар ин бора АР бо истинод ба чор мансабдори махфӣ, аз ҷумла дар Ироқу Аврупо


хабар медиҳад


. Ин рақамҳоро сенатори фаронсавӣ Натали Гуле, ҳамраиси комиссияи пайгирии шабакаи муҷоҳидон низ тасдиқ кардааст. Ба гуфтаи ӯ, тайи солҳои ахир ҳудуди 5 ҳазор аврупоиҳо ба Сурия рафтаанд.

Барои омӯзиши ҷангиён Давлати исломӣ аз урдӯгоҳҳо дар Ироқу Сурия ва шояд дар кишварҳои пасошӯравӣ истифода мекунад. Ин гурӯҳҳо нимахудмухтор буда метавонанд. Ба гуфтаи мансабдор аз бахши амният, ба террористон тарзу усулҳои ҷанг дар шароити саҳро, кор бо дастгоҳҳои тарканда, методҳои пайгирӣ ва фирор аз назорату мушоҳида омӯзонида мешавад.

Гуфта мешавад, акнун ба ин тамринҳо Давлати исломӣ ҷиддитар таваҷҷуҳ зоҳир мекунад. Ҳанӯз соли 2014 баъе аз ҷангиёни созмон ҳамагӣ ду ҳафта бо омӯзиш фаро гирифта мешуданд. «Акнун стратегия тағйир ёфт. Воҳидҳои махсус ташкил карда шуда, давраи омӯзиш тӯлонитар идома меёбад. Акнун ҳадаф дар он ифода меёбад, ки на бештар одамон кушта шаванд, балки амалҳои террористӣ ҳарчӣ бештар анҷом дода шаванд, то ки ҳариф ба харҷи зиёдтари маблағ ва нерӯи инсонӣ маҷбур шавад», – зикр кардааст мусоҳиби агентӣ дар шарҳи стратегияи нави террористон.

Ба қавли мансабдор, ки бо хадамоти иктишофии Ироқ алоқамандӣ доштааст, иштирокчиёни гурӯҳи дар амалҳои террористии Париж дастдошта акнун ба Олмон, Британия, Италия, Дания ва Шветсия таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Ҳамчунин дар бораи аз Туркия ба Аврупо омадани гурӯҳи нав иттилоъ дода мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.