БОР: Тиҷорат дар Тоҷикистон ба хавфу хатарҳо дучор аст

Намояндаи доимии Бонки осиёгии рушд (БОР) дар Тоҷикистон Си.Си.Ю бар ин назар аст, ки осебпазирии иқтисоди Тоҷикистон бар асари афзоиши асосёфта ба истеъмол ва хизматгузорӣ ва надоштани қобилияти фароҳам оврадани ҷойҳои корӣ бо маоши баланд дар саноат ба вуҷуд меояд. «Аз соли 20015 то соли 2014 ҳиссаи бахши кишоварзӣ дар ММД 26,2% ва саноат ҳамагӣ […]



Намояндаи доимии Бонки осиёгии рушд (БОР) дар Тоҷикистон Си.Си.Ю бар ин назар аст, ки осебпазирии иқтисоди Тоҷикистон бар асари афзоиши асосёфта ба истеъмол ва хизматгузорӣ ва надоштани қобилияти фароҳам оврадани ҷойҳои корӣ бо маоши баланд дар саноат ба вуҷуд меояд.

«Аз соли 20015 то соли 2014 ҳиссаи бахши кишоварзӣ дар ММД 26,2% ва саноат ҳамагӣ 1,2%-ро ташкил додааст. Хизматгузориҳо бо шумули сохтмон дар натиҷаи афзоиши интиқоли маблағҳои пулӣ аз ҷониби муҳоҷирон 72,6% афзуд. Ҳиссаи саноат дар шуғли умумӣ аз 20,5% дар соли 1991 то ба 4,1 дар соли 2014, хизматгузориҳо аз 34,8% то ба 30,3% поин рафта, ҳиссаи бахши кишоварзӣ аз 44,7% дар соли 1991 то ба 65,5% дар соли 2014 боло рафт», – навиштааст Си.Си.Ю дар

мақолааш

доир ба вазъ дар Тоҷикистон ва зарурати баргузор кардани ислоҳот.

Ба андешаи ӯ, барои баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодӣ баргузории ислоҳоти таъҷилӣ, аз ҷумла муҳайё кардани шароити мусоид барои тиҷорат, бахусус барои корхонаҳои хурду миёна, ки ҷойҳои кории оммавӣ фароҳам меоранд, зарур аст.

Дар мақола таъкид мешавад, ки БОР ҳамроҳ бо дигар шарикон оид ба рушд ислоҳоти давлатӣ баҳри беҳбуди муҳити сармоягузорӣ дар кишварро дастгирӣ мекунанд.

«Соли 2015 БОР барои дастгирии ислоҳот оид ба коҳиши арзиши роҳандозии тиҷорат, таҳкими ҳифзи тиҷорат, беҳбуди инноватсия ва огаҳӣ дар соҳаи бозорҳои беруна 60 млн. доллари ИМА пешниҳод кард, аммо дучор шудани тиҷорат бо хавфу хатарҳо идома дорад ва аз ин рӯ, ба ислоҳоти минбаъда тақвият ва суръат бахшидан лозим аст. Масалан, аксари ширкатҳои расман сабтиномшуда бо уҳдадориҳои зиёди пардохти андоз ва методҳои номунтазами ҷамъоварии он дучор мешаванд, ки барои коррупсия имкон фароҳам меоварад», – қайд кардааст намояндаи БОР.

«Аз ҷониби дигар, – менависад ӯ. – Баъзе ширкатҳо бидуни пардохти андозҳо ғайрирасмӣ фаъолият доранд. Тиҷорат низ бо маҳдудиятҳо дар бахши муомилот бо асъор, арзиши баланди воситаҳои млиявӣ ва маҳдудияти таъминот бо нерӯи барқ дар мавсими зимистон мувоҷеҳ мегардад».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.