«Далерон» дар мусобиқаи Лигаи олии футбол иштирок намекунад

Дорандаи медалҳои биринҷии мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон дар соли 2014 – дастаи «Далерон-Ӯротеппа»-и Истаравшан дар мусобиқаи Лигаи олии футболи мамлакат дар соли равон иштирок намекунад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи «Далерон» дар ин бора номаи расмӣ ирсол намуда, хабар додааст, ки бинобар сабаби мушкилоти молиявӣ дар мусобиқи мазкур иштирок карда […]



Дорандаи медалҳои биринҷии мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон дар соли 2014 – дастаи «Далерон-Ӯротеппа»-и Истаравшан дар мусобиқаи Лигаи олии футболи мамлакат дар соли равон иштирок намекунад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи «Далерон» дар ин бора номаи расмӣ ирсол намуда, хабар додааст, ки бинобар сабаби мушкилоти молиявӣ дар мусобиқи мазкур иштирок карда наметавонад.

Ҳамин тариқ, дар мавсими нави мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон 10 даста рақобат мекунанд. Бо сабаби аз иштирок дар ин мусобиқа даст кашидани дастаи «Далерон», маросими қуръапартоии тақвими мусобиқа дубора баргузор шудааст.

Қобили зикр аст, ки бозиҳои даври аввали мусобиқаи 25-уми Лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзҳои 7-10 апрел доир мегарданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.