Дарёфти тарзҳои солимгардонии вазъи «Тоҷиксодиротбонк»

Дар маҷлиси солонаи умумии саҳмиядорони ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» (ТСБ) масоили солимгардонии вазъи молиявӣ баррасӣ шуданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти бонк, раиси ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» Тоҷиддин Пирзода ҳозиринро бо натиҷаҳои фаъолияти ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» дар соли 2015 шинос намуда, он аз ҷониби саҳҳомон тасдиқ шуд. «Дар шароити буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ҳадафи аввалиндараҷаи Бонк дар соли ҷорӣ амалисозии чораҳои […]



Дар маҷлиси солонаи умумии саҳмиядорони ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» (ТСБ) масоили солимгардонии вазъи молиявӣ баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти бонк, раиси ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» Тоҷиддин Пирзода ҳозиринро бо натиҷаҳои фаъолияти ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» дар соли 2015 шинос намуда, он аз ҷониби саҳҳомон тасдиқ шуд.

«Дар шароити буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ҳадафи аввалиндараҷаи Бонк дар соли ҷорӣ амалисозии чораҳои солимгардонӣ ва тақвияти пайгиронаи рушди босуботи молиявӣ, беҳтарнамоии самаранокии фаъолият ва боз ҳам баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба мизоҷон, афзоиши ҳаҷми сандуқи қарзӣ ва амонатгузорӣ мебошад», – гуфт Тоҷиддин Пирзода.

Дар маҷлис ҳамчунин ҳисоботи кумитаи аудити Бонк доир ба натиҷаҳои соли 2015, тавозуни бонк ва ҳисоботи фоидаву зарар дар соли 2015, ҳисобот оид ба ҷамъбасти ҷойгиркунии саҳмияҳои барориши 16-уми Бонк баррасӣ ва тасдиқ карда шуд.

Гуфта мешавад, дар робита ба тағйирёбии номи баъзе шаҳру ноҳияҳои кишвар, ба Оинномаи Бонк низ тағйироти марбута ворид гардида, маҷлиси умумии саҳмиядорон ҳайати нави Шӯрои нозирони ҶСК «Тоҷиксодиротбонк»-ро интихоб намуд.

Қобили зикр аст, ки санаи 9 марти соли равон масъулини Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ва Бонки Аврупоӣ оид ба таҷдид ва рушд (БАТР) масъалаи рушди сохтори бонкии Тоҷикистон, бахусус нақши бонкҳои низомсоз ба монанди ТСБ-ро

баррасӣ намуданд.

БАТР стратегияи нави «Тоҷиксодиротбонк»-ро, ки он ба таҳкими капитализатсияи бонк, таъмини рушди бештари он, беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои қарздиҳӣ ба бахши хусусӣ, аз ҷумла тавассути ҷалби сармоягузорони институтсионалии нави хориҷӣ, ки ба сохтори сармояи бонк нигаронида шудааст, хуш пазируфт ва аз он дастгирӣ намуд. БАТР умедворӣ изҳор намуд, ки дар амал татбиқ шудани ҷараёни мазкур ба БАТР ҷиҳати аз нав оғоз намудан ва рушди ҳамкории ҳамаҷониба бо «Тоҷиксодиротбонк» имконият фароҳам месозад.

Дар ҳамин ҳол, Георгий Орлов, директори Шуъбаи ташкилотҳои молиявӣ дар Русия, Осиёи Марказӣ ва Муғулистони БАТР изҳор дошт, ки бо шарти баргузор намудани ислоҳот дар «Тоҷиксодиротбонк», ин ниҳоди молиявӣ ба пешниҳоди воситаҳои зарурӣ баҳри устувории ТСБ омода аст. «Бо оғози ислоҳот, Бонки аврупоии таҷдиду рушд дарҳол имкони пешниҳоди кумаки заруриро баррасӣ хоҳад кард», – гуфт Орлов дар

мусоҳиба

ба Радиои Озодӣ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.