Қабули тағйирот ба қонуни Тоҷикистон дар бораи ВАО

Палатаи поёнии парлумон имрӯз, 30 март ба масъалаи қабули тағйирот ба қонун «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», ки боиси баҳсҳои зиёду нигаронии ҷомеаи журналистон шуд, нуқта гузошт. Зимни баррасии лоиҳаи қонун вакилон тасмим гирифтанд, ки танҳо қисматеро тағйир медиҳанд, ки дар он дар бораи бо пешниҳоди мақомоти прокуратура боздошта шудани фаъолияти […]



Палатаи поёнии парлумон имрӯз, 30 март ба масъалаи қабули тағйирот ба қонун «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», ки боиси баҳсҳои зиёду нигаронии ҷомеаи журналистон шуд, нуқта гузошт.

Зимни баррасии лоиҳаи қонун вакилон тасмим гирифтанд, ки танҳо қисматеро тағйир медиҳанд, ки дар он дар бораи бо пешниҳоди мақомоти прокуратура боздошта шудани фаъолияти ВАО ба муддати се моҳ аз ҷониби Вазорати фарҳанг, ки ин ВАО-ро ба қайд гирифтааст, сухан меравад.

Тибқи варианти аз ҷониби вакилон тасдиқшуда, қарор дар бораи боздошта шудани фаъолияти ВАО-ро на Вазорати фарҳанг, балки судҳо қабул карда метавонанд.

Ёдрас мекунем, ки дар ҷаласаи рӯзи 3 феврали соли равон дар парлумон атрофи ин тағйирот баҳсҳои зидду нақиз сурат гирифтанд. Раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров дархост кард, ки яке аз журналистони дар иҷлосия ҳузурдошта интихоб шуда, андешаи ҳамтоёни худро дар бораи тағйироти нав баён намояд.

Журналистон хабарнигори АИ «Азия-Плюс» Аваз Юлдошевро интихоб намуда, ӯ зимни суханрониаш изҳор намуд, ки сарфи назар аз шакли моликият ба ВАО, журналистони машғули фаъолият дар онҳо ҳамеша ба ҷонибдории сулҳу субот дар сарзамини тоҷикон, шукуфоии Ватан ва беҳбуди некӯаҳволии мардум мавод дарҷ мекунанд.

«Мо на камтар аз як мансабдор Тоҷикистонро дӯст медорем, – изҳор дошт ӯ. – Яке аз дастовардҳои бузурги Тоҷикистон озодии баён дар ВАО-и ҷумҳурӣ аст».

Юлдошев таъкид дошт, ки мушкилоти асосӣ миёни ҷомеа рӯзноманигорон зимни баррасии тағйирот ба қонуни мазкур дар он ифода меёбад, ки «ҳеҷ касе мушаххасан намефаҳмид, ки дар бораи чӣ сухан меравад». «Дар Вазорати фарҳанг ин тағйирот хеле махфӣ омода гардида, боиси пайдо шудани ҳар гуна овозаҳо шуданд», – афзуд ӯ.

Дар натиҷа лоиҳаи тағйирот ба таҳиву коркарди дубора фиристода шуд. Комиссияи махсуси корӣ таъсис дода шуд, ки баъзе аз истилоҳот дар ин лоиҳаи қонунро мувофиқа намуда, ба баррасии палатаи поёнии парлумон пешниҳод кард.

Қобили зикр аст, ки чор созмони журналистии Тоҷикистон – Иттифоқи журналистон, Шӯрои ВАО, Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақил ва ташкилоти ҷамъиятии «Хома» рӯзи 1 феврал 

изҳороте мунташир сохтанд

, ки дар он аз тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» нигаронӣ изҳор шуд.

Қонун «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон» дар таҳрири охирин 19 марти соли 2013 аз ҷониби президент Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расида буд, вале дар он тартиби манъи фаъолияти ВАО муайян нашуда буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Пас аз таваққуфи семоҳа хатсайрҳои ҳавоӣ миёни Душанбе ва Теҳрон аз сар гирифта шуданд

Ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” зиёда аз 90 мусофиронро ба Душанбе овард.

То +45°C ва баъзан борон меборад: ҳавои моҳи июн дар Тоҷикистон

Дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон моҳи июн гарму хушк омада, аммо дар баъзе рӯзҳо борону раъду барқ дар назар аст.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.