Вазири мудофиа ба қабули волидони даъватшавандагон дар маҳалҳо дастур дод

Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо имрӯз дар Донишкадаи ҳарбӣ бо иштироки комиссарони ҳарбии шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳои ҷумҳурӣ машварати корӣ баргузор намуда, дар он масоили марбут ба ташкили маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, ки пагоҳ, 1 апрел оғоз мегардад, баррасӣ шуданд. Котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҶТ полковник Фаридун […]



Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо имрӯз дар Донишкадаи ҳарбӣ бо иштироки комиссарони ҳарбии шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳои ҷумҳурӣ машварати корӣ баргузор намуда, дар он масоили марбут ба ташкили маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, ки пагоҳ, 1 апрел оғоз мегардад, баррасӣ шуданд.

Котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҶТ полковник Фаридун Маҳмадализода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки вазир назди ҳозирини машварат оид ба ташкили маъракаи даъват дар доираи қонунгузории кишвар ва хотима бахшидан ба даъвати маҷбурӣ (облава) вазифаҳои мушаххас гузоштааст.

«Вазири мудофиа ба комиссарони ҳарбии шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо дастур дод, ки қабули шаҳрвандон оид ба масоили даъватро дар комиссариатҳои маҳаллӣ ба роҳ монанд, то ки аз муроҷиати волидон ба сохторҳои ҷумҳуриявӣ доир ба масъалаи ҳаллу фаслаш имконпазир дар сатҳи маҳаллӣ пешгирӣ крада шавад», – гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи манбаъ, Шералӣ Мирзо қайд кардааст, ки шумори шаҳрвандони синнусоли мувофиқи даъват ба хизмати ҳарбӣ аз талаботи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бамаротиб зиёд аст ва ин омил имкон медиҳад, ки танҳо шаҳрвандони босаводу бомаърифат ва солим ба хизмат даъват карда шаванд.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.