Имкони Ҷаҳон Қурбонов ба дарёфти роҳхати олимпӣ

Муштзани маъруфи тоҷик Ҷаҳон Қурбонов дар мусобиқаи литсензионӣ оид ба бокс дар минтақаи “Осиё” ва “Уқёнус”, ки дар Чин ҷараён дорад, рӯзи 31 март дар даври ниманиҳоӣ дар вазни то 91 кило қувваозмоиро ба муштзани Чин бохт. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҶТ, ҳамакнун Ҷаҳон боз як шонси ба даст овардани роҳхати […]



Муштзани маъруфи тоҷик Ҷаҳон Қурбонов дар мусобиқаи литсензионӣ оид ба бокс дар минтақаи “Осиё” ва “Уқёнус”, ки дар Чин ҷараён дорад, рӯзи 31 март дар даври ниманиҳоӣ дар вазни то 91 кило қувваозмоиро ба муштзани Чин бохт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҶТ, ҳамакнун Ҷаҳон боз як шонси ба даст овардани роҳхати олимпиро дорад. Ӯ рӯзи шанбеи 2 апрел барои ҷойи севум бо намояндаи Австралия вориди рақобат мекунад. Агар муштзани тоҷик дар ин қувваозмоӣ пирӯз шавад, соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Рио-де-Жанейро мегардад.

Гуфта мешавад, дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 46 зан ва 180 мард аз 35 кишвар барои роҳхатҳои олимпӣ мубориза мебаранд. Дар сабқати мардон 30 квота ва дар сабқати занон 6 квота ихтисос дода шудааст. Муштзанҳое, ки дар ин мусобиқа ҷойҳои аз 1-ум то 3-юмро мегиранд, соҳибони роҳхатҳои олимпӣ мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.