Эҳтимоли эълони иди нав – Рӯзи президент ё Рӯзи Пешвои миллат

Гурӯҳе аз вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон лоиҳаи тағйироту илова ба қонуни кишвар «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро таҳия намуда, ба баррасии парлумон пешниҳод кардаанд, ки мутобиқи он дар ҷумҳурӣ ҷорӣ шудани иди нави давлатӣ – ҷашни Рӯзи президент ё Рӯзи Пешвои миллат дар назар аст. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз доираҳои ҳукуматии […]

ASIA-Plus



Гурӯҳе аз вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон лоиҳаи тағйироту илова ба қонуни кишвар «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро таҳия намуда, ба баррасии парлумон пешниҳод кардаанд, ки мутобиқи он дар ҷумҳурӣ ҷорӣ шудани иди нави давлатӣ – ҷашни Рӯзи президент ё Рӯзи Пешвои миллат дар назар аст. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз доираҳои ҳукуматии кишвар хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, санаи ин ҷашн 19 ноябр, ки дар ин рӯзи соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуд ё санаи 6 ноябр, ки дар ин рӯзи солҳои 1994, 1999, 2006 ва 2013 Эмомалӣ Раҳмон президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда буд, муқаррар шуда метавонад.

Чун санаи 6 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи Конститутсия ҷашн гирифта мешавад, аз эҳтимол дур нест, ки рӯзи ҷашни нав 5 октябр – санаи зодрӯзи президент эълон шавад.

Зимнан таъкид шуд, ки лоиҳаи тағйироту илова ба қонуни зикршуда айни замон дар марҳилаи мувофиқасозӣ қарор дорад

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.