Сессияи «Солонаи устод Айнӣ» дар Академияи илмҳо

Дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 14–уми апрели соли 2016 дар мавзӯи “Солонаи устод Айнӣ” сессияи илмӣ баргузор гардид. Бино ба иттилои Шервони Умриддин, котиби матбуотии АИ ҶТ Сессияи илмиро ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Кароматулло Олимов ифтитоҳ намуда, перомуни хизматҳои барҷастаи устод Садриддин Айнӣ дар рушди забон, адабиёт, таърих, фарҳанг ва илми […]



Дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 14–уми апрели соли 2016 дар мавзӯи “Солонаи устод Айнӣ” сессияи илмӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои Шервони Умриддин, котиби матбуотии АИ ҶТ Сессияи илмиро ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Кароматулло Олимов ифтитоҳ намуда, перомуни хизматҳои барҷастаи устод Садриддин Айнӣ дар рушди забон, адабиёт, таърих, фарҳанг ва илми тоҷик мухтасар сухан ронд.


Сипас, донишмандони шинохтаи ҷумҳурӣ Масрури Абдулло дар мавзӯи “Устод Айнӣ ва ғояи истиқлолхоҳии тоҷикон”, Абдунабӣ Сатторзода дар мавзӯи “Ҷанбаи миллии намунаи адабиёти тоҷик”, Тоҷиддин Мардонӣ дар мавзӯи “Садриддин Айнӣ аз нигоҳи муҳаққиқи араб Ҷалил Камолиддин” ва Ҷамолиддин Саидзода дар мавзӯи “Айнӣ ва тақлиди Бедил” оид ба фаъолияти пурмаҳсули сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ бо маърӯзаҳои илмӣ баромад карда, саҳми устод Айниро ҳамчун адиб, муҳаққиқи тоҷик махсус қайд карданд.




Дар охири Сессияи илмии “Солонаи устод Айнӣ” қироати порчаҳои назмию насрӣ аз эҷодиёти сардафтари адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ аз тарафи аспирантон ва магистрони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Адиба Азизова, Насима Қосимова, Гулзира Каримова ва Озодамо Қодирова шунида шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.