Як ҳайати Ҷумҳурии Беларус таҳти раҳбарии вазири кишоварзӣ ва ғизои ин кишвар Леонид Заятс санаи 24 апрел ба Душанбе меояд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, рӯзи дигар, 25 апрел Л.Заятс бо муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим ва вазири кишоварзии ҶТ Иззатулло Сатторӣ дидору гуфтушунид мекунад.
Ҳамин рӯз ҳамчунин ҷаласаи X Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Беларус доир гардида, аз рӯи натиҷаҳои он санади дахлдор ба имзо мерасад.
Зимнан зикр гардид, ки нимаи дуюми рӯз ҳайати Беларус аз Марказҳои таъминоти техникии КВД «Тоҷикагролизинг» боздид намуда, рӯзи 26 апрел ба шаҳри Ҳисор ташриф меоранд ва бо макони таърихии ин кишвар ва фаъолияти ҶСП «Агротехсервис» аз наздик шинос мешаванд.





