Кормандони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 3 апрел роҳбари маркази технологияҳои иттилоотӣ ва комуникатсионии дастгоҳи иҷроияи президенти ҷумҳурӣ Сафизода Қадамҷон Исмати 34-соларо дар манзили зисташ ҳангоми порагирӣ боздошт намуданд.
Бино ба иттилои як манбаъи «Азия-Плюс» дар сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ, то замони таъин ба вазифаи роҳбари маркази мазкур боздоштшуда ба ҳайси муовини сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон ифои вазифа мекардааст.
Ба ҷуз порагирӣ, боздоштшуда ҳамчунин ба ғайримақсаднок истифода бурдани воситаҳои буҷетӣ гумонбар дониста мешавад.
Сафизода ба ивази кумак барои бо кор таъмин шудан дар маркази таҳти сарвариаш қарордошта аз як шаҳрванд пора талаб кардааст.
Бо амри президенти Тоҷикистон аз 4 апрел Сафизода Қадамҷон Исмат аз вазифаи мудири маркази технологияҳои иттилоотӣ ва комуникатсионии дастгоҳи иҷроияи президент бидуни зикри сабаб озод карда шудааст.



