Вохӯрии сафири Тоҷикистон бо раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ

Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов рӯзи 28 апрел дар шаҳри Маскав бо раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ – Котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев дидору гуфтушунид кард. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, зимни мулоқот пахлӯҳои гуногуни иштироки Тоҷикистон дар равандҳои ҳамгиройӣ дар доираи ИДМ баррасӣ шуда, ба ташкили кори Ҳайати нозирони ИДМ дар […]

ASIA-Plus



Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов рӯзи 28 апрел дар шаҳри Маскав бо раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ – Котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев дидору гуфтушунид кард.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, зимни мулоқот пахлӯҳои гуногуни иштироки Тоҷикистон дар равандҳои ҳамгиройӣ дар доираи ИДМ баррасӣ шуда, ба ташкили кори Ҳайати нозирони ИДМ дар омодагӣ ва баргузории раъйпурсӣ оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Тоҷикистон, ки ба санаи 22 май таъин шудааст, таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни суҳбат Сергей Лебедев изҳор доштааст, ки дар маъракаи раъйпурсии Тоҷикистон аз ИДМ ҳудуди 90 нозирон ширкат варзида, то ҳол 24 нозир аз Иттиҳод ба қайд гирифта шудаанд, ки аз Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва Кумитаи иҷроияи ИДМ намояндагӣ мекунанд.

Зимнан зикр мегардад, ки бо қарори Шӯрои намояндагони доимии ваколатдори кишварҳои узви Иттиҳод дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар мақомоти ИДМ, ҳайати нозиронро муовини аввали раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Владимир Гаркун роҳбарӣ мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.