Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид миёни сарони кишварҳои Тоҷикистону Афғонистон Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, ки имрӯз, 10 май дар Душане доир гардиданд, миёни кишварҳо ду санади нав ба имзо расид.
Санади нахусти имзошуда
Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бораи густариш ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба буда,
созишнома оид ба истирдод миёни кишварҳоро роҳбари идораи сиёсати хориҷии Афғонистон Салоҳуддин Раббонӣ ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ба имзо расониданд.



