Машғулиятҳои кор бо бахши хусусӣ барои мансабдорони давлатии зинаи миёна

Иттилоияи расмӣ



Рӯзи 10 май муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи  амволи  давлатӣ  Нигина  Анварӣ  ва  Намояндаи  доимии  Бонки  ҷаҳонӣ  дар Тоҷикистон Патрисия  Виверc-Картер  барномаи  омӯзишро  бо  мақсади  мусоидат  ба рушди  бахши  хусусӣ,  ки мансабдорони давлатии зинаи миёнаро зери ҳадаф қарор медиҳад, оғоз бахшиданд.

Тавре аз намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе иттилоъ доданд, омӯзиш ҷузъи Лоиҳаи  вусъатдиҳии  имкониятҳои  ҷавонон  ва  ташкили  ҷойҳои  корӣ  дар  Осиёи  Марказӣ,  ки  аз ҷониби Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мегардад,  маҳсуб  меёбад.  Лоиҳа ба беҳтар намудани фазои  бизнес  ва  ҳавасмандгардонии  фаъолияти  соҳибкорӣ  дар  байни  ҷавонон  дар  Тоҷикистон тавассути  баланд  бардоштани  иқтидори  сохторҳои  давлатӣ  ва  омӯзиши  касбии  ҷавонон  равона шудааст.

«Рушди бахши хусусӣ дар маркази диққати барномаи умумии Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон қарор дорад. Бахши хусусӣ манбаи муҳимми таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар дохили кишвар маҳсуб меёбад,  ки  он  ба  рушди  иқтисодии  фарогир  мусоидат мекунад.  Он  бояд  таъсири  таконҳои берунаро  ба  кишвар  коҳиш  диҳад,  ба  монанди  оне,  ки  таназзули  иқтисодии  Россия  боиси  он гардидааст»,  қайд  намуд  Патрисия  Виверс-Картер,  Намояндаи  доимии  Бонки  ҷаҳонӣ  дар Тоҷикистон. «Барномаи омӯзиш, ки имрӯз оғоз мебахшем ба мансабдорони давлатии зинаи миёна дар  амалисозии  сиёсати  бештар  самарабахши  ба  рушди  бахши  хусусӣ  нигаронидашуда  бо диққати махсус ба ҷавонон, бо назардошти он ки дар кишвар зиёда аз 50% аҳолӣ синну солашон то 25 сола мебошад, кӯмак мерасонад».

Лоиҳаи  вусъатдиҳии  имкониятҳои  ҷавонон  ва  ташкили  ҷойҳои  корӣ  дар  Осиёи  Марказӣ,  ки  аз ҷониби  Бонки  ҷаҳонӣ  маблағгузорӣ  мегардад,  Ҳукумати  Тоҷикистонро  дар  такмили  сиёсати алоқаманд бо фаъолияти соҳибкорӣ дар байни ҷавонон бо мақсади мусоидат ба таъсиси ҷойҳои корӣ  ва  рушди  бахши  хусусӣ  дар  сегменти  бузургтарин  ва  босуръат  афзоишёбандаи  аҳолӣ  – ҷавонон,   дастгирӣ мекунад. Барномае, ки имрӯз оғоз гардид ба таҳкимдиҳии имконияти Ҳукумат дар татбиқи  сиёсати  худ  нигаронида шудааст.  Он  сиёсат  ташкили  гуруҳи  соҳибмаълумоти  иборат  аз мансабдорони давлатии зинаи миёна, ки ба амалӣ намудани тадбирҳои мушаххас омодаанд ва дар 

ислоҳоти  рушди бахши хусусӣ  ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешсаф хоҳанд буд,  дарбар мегирад.  Омӯзиш мавзӯъҳои умумиро, монанди сармоягузориҳои хориҷӣ, сиёсати андоз ва дастрасӣ ба қарзҳо, ки бо рушди бахши хусусӣ алоқаманданд, низ дарбар мегирад.

«Дар натиҷаи амалисозии ислоҳот ҳиссаи бахши хусусӣ дар ММД 67 фоизро ташкил медиҳад; қариб  80  фоизи даромадҳои андоз ба бахши хусусӣ рост меояд ва  65  фоизи аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ  фаъол  дар  бахши  хусусӣ  машғуланд,»  гуфт  Нигина  Анварӣ,  муовини  раиси  Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ. “Рушди бахши хусусӣ самти афзалиятноки фаъолият барои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.  Мо итминон дорем  барномаи омӯзиш, ки имрӯз оғоз мегардад ба такмили минбаъдаи расмиёт ва татбиқи ислоҳот дар ҷойҳо мусоидат мекунад».

Ҳар  6  моҳ  Барнома  гуруҳи  нави  хизматчиёни  давлатиро  фаро  гирифта  то  охири  лоиҳа,  дар давоми 18 моҳ  зиёда аз 100 намояндаи вазорат ва муассисаҳои давлатии алоҳида аз омӯзиш мегузаранд.  Омӯзиш аз тарафи ширкати маҳаллӣ  «Имкон Консалтинг»,  ки аз таҷрибаи Гуруҳи Бонки  ҷаҳонӣ,  ва  коршиносони  минтақавию  байналмилалӣ  истифода  мебарад,  гузаронида мешавад.

Айни  замон,  сандуқи  фаъоли  Гуруҳи  Бонки  ҷаҳонӣ  дар  Тоҷикистон    аз  23  лоиҳа  (аз  он  ҷумла лоиҳаҳои минтақавӣ и Фондҳои мақсаднок) иборат аст, ки маблағи умумии онҳо $355,63 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Лоиҳаҳои мазкур ба дастгирии афзоиши иқтисодӣ аз ҳисоби рушди бахши хусусӣ дар баробари сармоягузорӣ ба беҳтар намудани хизматрасониҳои ҷамъиятӣ ба аҳолӣ ба монанди маориф, тандурустӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ равона шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...