Ҳукми 6 соли зиндон ба гунаҳкори садамаи назди мактаби ДСРТ

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе сокини 25-солаи шаҳри Душанбе Ҳусейн Қурбоновро ба иттиҳоми садамаи марговар назди мактаби Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон (ДСРТ) ба 6 соли зиндон маҳкум кард. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ , ӯ дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 212 Кодекси ҷиноии ҶТ (барои аз беэҳтиётӣ ба марг расонидани инсон) гунаҳкор дониста […]

Радиои Озодӣ



Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе сокини 25-солаи шаҳри Душанбе Ҳусейн Қурбоновро ба иттиҳоми садамаи марговар назди мактаби Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон (ДСРТ) ба 6 соли зиндон маҳкум кард.

Бино ба иттилои

Радиои Озодӣ

, ӯ дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 212 Кодекси ҷиноии ҶТ (барои аз беэҳтиётӣ ба марг расонидани инсон) гунаҳкор дониста шудааст.

Ёдрас мекунем, ки ин ҳодисаи фоҷеабор санаи 7 март дар гузаргоҳи назди мактаби тоҷикию русии рақами 14, воқеъ дар канори роҳи мошингарди хиёбони Рӯдакӣ рух дода, хонандагони синфҳои панҷ Карима Қурбонова, Ширин Қаюмова ва Сафина Наврӯзова ҳангоми убур аз гузаргоҳ зери чархи мошини тамғаи “Опел”-и ӯ монданд. Дар натиҷа Карима Қурбонова ба ҳалокат расид ва ду духтари дигар ҷароҳат бардоштанд. Ронандаи мошин ҳамонҷо боздошт шуд.

Ҳусейн Қурбонови 25-сола, қабл аз ин садама ҳам бо ҷурми ғоратгарӣ маҳкум ба зиндон шудаааст. Ӯ рӯзҳои ҳодиса, шартан пеш аз мӯҳлат ба озодӣ баромада, зери назорат қарор доштааст. Рӯзи 7- уми март вай бо киро кардани мошини дӯсташ барои хариди қисмҳои эҳтиётии мошин ба маҳаллаи “Водонасос” мерафтааст ва дар роҳ ба ин садама дучор шудааст.

Ҳусейн Қурбонов дар толори додгоҳ дар робита ба садама чизе гуфтан нахостааст, аммо наздиконаш ҳодисаро тасодуф номиданд. Волидони ҷабрдидаҳо ва омӯзгорон аз ҳукми додгоҳ шикоят надоранд ва мегӯянд, шояд ин ҳукм барои даҳҳо ронандаи дигар, ки қоидаи ҳаракат дар роҳро риоя намекунанд, дарси ибрат шавад.

Шоира Мухторова, раҳбари синфи хонандаҳои синфи 5 дар мактаби рақами 14, мегӯяд, ин ҳодиса танҳо бо айби ронанда сар зад, чунки хонандаҳо аз қоидаи роҳ огоҳ буданд. Ҳоло ба гуфтаи ӯ, яке аз ин духтарон Ширин Қаюмова, ки нисбатан ҷароҳаташ сабук буд, пурра ба дарс баргаштааст, аммо Сафина Наврӯзова – хонандаи дигар, баъди ин ҳодиса ҷарроҳӣ шуда буд ва ҳанӯз ҳам ҳолаш хуб нест. Ӯ то ба ҳол наметавонад дар дарсҳо мунтазам иштирок кунад.

Қобили зикр аст, ки ин ҳодиса мавриди баҳсҳои пурсарусадо дар ҷомеа гирифт. Ҳоло баъди солҳои зиёд дар гузаргоҳи назди ин мактаб чароғак насб карданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.