Рӯзи якшанбеи ҳамин ҳафта, 29 май дар Душанбе иҷлосияи муштараки Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои пойтахт доир гардида, дар он масъалаи интихоби роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон баррасӣ мешавад. Ӯ дар интихобот бидуни рақиб иштирок мекунад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз КМИР-и ҷумҳурӣ хабар дод.
Ёдрас мекунем, ки дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ки рӯзи 14 апрел доир гардида буд, Раҳмон Озода Эмомалӣ якдилона ва бидуни алтернатива номзад ба аъзогӣ дар палатаи болоии парлумон пешбарӣ шуда, комиссияи интихоботии шаҳр ӯро ба сифати номзади ягона ба вакилӣ дар Маҷлиси миллӣ ба қайд гирифт.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи 25 марти худ дар бораи санаи 29 май баргузор намудани интихоботи пешазмуҳлат ба палатаи болоии парлумон ба ҷойи вакили хориҷшуда аз он, собиқ роҳбари дастгоҳи иҷроияи президенти кишвар Бахтиёр Худоёрзода, ки ахири моҳи январ раиси КМИР Тоҷикистон таъин шуд, қарор қабул кард.
Раҳмон Озода Эмомалӣ, ки ба ҳайси муовини аввали вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ фаъолият дошт, ба курсии роҳбари дастгоҳи иҷроияи президент нишаст. Раҳмон Озода Эмомалӣ номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ аст.
Дар ҳамаи панҷ даъват роҳбарони амалкунандаи дастгоҳи иҷроияи президенти кишвар бидуни истисно аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб шуда буданд.
Замоне роҳбарони амалкунандаи дастгоҳи иҷроияи президент Амиршо Миралиев, Матлубхон Давлатов ва Бахтиёр Худоёрзода натанҳо аъзои палатаи болоии парлумон интихоб шуда буданд, балки ба кумитаҳои гуногуни он роҳбарӣ низ мекарданд.
Як манбаъи «Азия-Плюс» дар доираҳои наздик ба ҳукумат бар ин назар аст, ки Раҳмон Озода Эмомалӣ дар интихоботи санаи 29 май таъиншуда натанҳо аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб мешавад, балки Кумитаи палатаи болоии парлумон оид ба таъмини ҳуқуқии асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуниятро ба роҳбарӣ хоҳад гирифт.
Ҳамчунин мавриди зикр аст, ки дар қиёс бо Маҷлиси намояндагон аъзои Маҷлиси миллӣ (палатаи болоии парлумон) тариқи раъйдиҳии мустақим интихоб намешаванд. 25 нафар аз 33 аъзои Маҷлиси миллӣ таваасути раъйдиҳии пинҳонӣ дар ҷаласаҳои муштараки вакилон аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру навоҳии ин вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он ва ноҳияҳои тобеи марказ интихоб мешаванд. Боқимонда 8 нафар аъзои дигарро президенти кишвар таъин мекунад. Президенти аввалини Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов дар Маҷлиси миллӣ мақоми узви якумриро дорад.
Палатаи болоии парлумони Тоҷикистонро аз замони таъсисёбиаш дар соли 2000 раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев роҳбарӣ мекунад.





