Нигаронии президент аз қазияи қабристони Хованское

Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия Владимир Колоколтсевро, ки барои иштирок дар ҷаласаи ҳайати Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар ба Душанбе бо сафари корӣ ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар рафти сӯҳбат масоили вобаста […]



Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия Владимир Колоколтсевро, ки барои иштирок дар ҷаласаи ҳайати Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар ба Душанбе бо сафари корӣ ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар рафти сӯҳбат масоили вобаста ба ҳолати кунуниву дурнамои ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва Россия, ҳамчунин дигар ҷанбаҳои мубрами муносибатҳои ду кишвар мавриди баррасӣ қарор доштанд.

Президенти кишвар аз ҷониби худ аҳамияти таҳкими минбаъдаи робитаҳои миёни вазоратҳои корҳои дохилии ҳарду кишварро дар заминаи боэътимоди муносибатҳои ҳамшарикии стратегии Тоҷикистон ва Россия қайд намуданд.

Ҳамзамон бо ин, ба натиҷаҳои самарабахши фаъолияти муштараки ҷонибҳо дар қисмати анҷом додани амалиётҳои фаврӣ ҷиҳати пешгирӣ кардану ошкор намудани ҷиноятҳо, мубориза алайҳи терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар намудҳои ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ишора карда шуд.

Зимнан, Сарвари давлат бо таъкиди як қатор масоили мубраме, ки ҳаллу фаслашон амалҳои минбаъдаи якҷояро тақозо доранд, зарурати идомаи ҳамкориҳои тарафайнро дар самти мубориза алайҳи ҷиноятҳои зикргардида  амри зарур донистанд.

Бо назардошти  қарорҳои охири Ҳукумати Федератсияи Россия ҷиҳати ислоҳоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, аз ҷумла ба сохтори вазорати корҳои дохилӣ ворид намудани хадомоти муҳоҷират, дар рафти сӯҳбат ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ низ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир гардид.

Дар робита ба ин,  татбиқи пайгиронаи тавофуқоте, ки миёни ду кишвар дар ин  ҷода ба даст омадаанд, аз ҷумла дар қисмати таҳкими раванди ҳифзи ҳуқуқиву иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон таъкид гардид.

 Президенти Тоҷикистон атрофи ҳодисаи ахири ҳамлаи гурӯҳи ҷиноятӣ ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар қабристони Хованскоеи шаҳри Москва, ки дар натиҷа 3 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуда, даҳҳо нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд, бо нигаронӣ изҳори ақида кард. 

Сарвари давлати Тоҷикистон таъкидан даъват ба амал овард, ки ҷиҳати ба ҷавобгарӣ кашидани ташкилкунандагон ва гунаҳгорони аслии ин латукӯби оммавии шаҳрвандони Тоҷикистон тамоми чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

Дар фарҷоми сӯҳбат ҷонибҳо судмандии мулоқоти имрӯзаашонро қайд карда, изҳори боварӣ намуданд, ки ҳамкориҳои сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи ду кишвари дӯст дар оянда низ густариш хоҳанд ёфт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.