Варзишгари маъруфи тоҷик Дилшод Назаров дар мусобиқоти ҷаҳонии гурзандозӣ дар шаҳри Ҳаллеи Олмон барои ҷойи дувум бо медали нуқра мукофотонида шуд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикисттон, вай ин дафъа гурзро ба масофаи 78 метру 34 сантиметр ҳаво дод. Рақиби аслиаш Павел Файдек аз Лаҳистон, ки рӯзи 4 июн 27-сола мешавад, бо натиҷаи 80 метру 39 сантиметр мақоми аввалро касб кард.
Ёдрас мешавад, ки ҳафтаи гузашта Дилшод Назарови 34-сола дар мусобиқоти ҷаҳонии силсилаи Гран-При “Оstrava golden spike” дар шаҳри Остраваи Ҷумҳурии Чех бо натиҷаи 78 метру 82 сантиметр ҷойи дувумро гирифт. Павел Файдек бо натиҷаи 80,66 метр ғолиб шуд.
Дилшод Назаров аввалин варзишгари тоҷик аст, ки ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия роҳхат гирифтааст. Вай рӯзи 23 май ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки то охирҳои моҳи июн дар Ҷумҳурии Чех тамрин карда, ба Олимпиадаи Рио-2016 омодагӣ мебинад.
Гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров 6 майи соли 1982 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ барандаи медали нуқраи мусобиқоти қарамонии ҷаҳон дар соли 2015 (Пекин, Чин), ғолиби Бозиҳои осиёии солҳои 2006, 2010 ва 2014, қаҳрамони секаратаи Осиё (2009, 2013, 2015), қаҳрамони дукаратаи Осиё байни наврасон (1999 ва 2001) мебошад. Дар Бозиҳои олимпии соли 2004 дар Афина (Юнон) ноком шудааст. Дар Олимпиадаи соли 2008 дар Пекин (Чин) ҷойи 11-ум, дар Олимпиадаи соли 2012 дар Лондон (Инглистон) ҷойи 10-умро гирифтааст.
Дилшод Назаров аз моҳи январи соли 2014 муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон мебошад. Вай, инчунин, раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон аст.



