Манъи маросими занги охир дар мактабҳои Тоҷикистон

Бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз 24 майи соли равон, дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ сарфи назар шакли моликияташон баргузории маросими «Занги камолот» манъ шуд. Тайи солҳои ахир ин маросими пешинаи «Занги охир»-ро, ки аз анҷоми соли хониши навбатӣ мужда медод, «Занги камолот» меноманд. Мувофиқи қарор, дар ин рӯзи 7 июн, […]


Бо

қарори мушовараи

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз 24 майи соли равон, дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ сарфи назар шакли моликияташон баргузории маросими «Занги камолот» манъ шуд. Тайи солҳои ахир ин маросими пешинаи «Занги охир»-ро, ки аз анҷоми соли хониши навбатӣ мужда медод, «Занги камолот» меноманд.

Мувофиқи қарор, дар ин рӯзи 7 июн, ки анҷоми соли таҳсил дар Тоҷикистон ба ин сана муқаррар шудааст, дар тамоми мактабҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон машғулиятҳо тибқи ҷадвали таълим гузаронида шуда, ҳеҷ гуна ҷамъомадҳои тантанавӣ пешбинӣ нашудааст. Солҳои пешин ин маросими санаи 25 май доир мегардид.

Масъулияти иҷрои ин фармон шахсан ба дӯши роҳбарони раёсату шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру навоҳӣ, директорони мактаб ва роҳбарони синф вогузор шудааст.

Соли гузашта ба маросими «Занги камолот» дар мактабҳо 45 дақиқа (аз соати 8-00 то 8.45 дақиқа) бахшида шуда, дар баробари суханронии роҳбарону маъмурияти мактаб, ба толибилмон фармони вазири маориф ва илм дар бораи баргузории маросими «Занги камолот» ва имтиҳоноти хатми мактаб қироат шуд. Соли гузашта бори нахуст маросими «Занги камолот» бидуни ҳузури волидони хонандагон гузаронида шуд.

Соли чорум аст, ки чорабинии «Занги камолот»дар мактабҳои Тоҷикистон моҳи июн баргузор мешавад. Ин қарор ба хотири иҷрои тамоми барномаи таҳсили 34-ҳафтаина қабул шуд, зеро бар асари сардиҳо таътили зимситонаи хонандагон то 1 моҳ дароз карда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.