Омодагӣ ба маҷлиси солонаи саҳҳомони ҶСК «НБО Роғун»

Маросими бақайдгирии саҳҳомони ҶСК «НБО Роғун», ки хоҳишманди иштирок дар маҷлиси навбатии солонаи Ҷамъият мебошанд, имрӯз, 25 май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон шурӯъ мегардад. Санаи 27 май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Маҷлиси умумии солонаи саҳҳомони ҶСК «НБО Роғун»  доир мегардад. Аз ҶСК «НБО Роғун» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар ин ҷаласа […]



Маросими бақайдгирии саҳҳомони ҶСК «НБО Роғун», ки хоҳишманди иштирок дар маҷлиси навбатии солонаи Ҷамъият мебошанд, имрӯз, 25 май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон шурӯъ мегардад. Санаи 27 май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Маҷлиси умумии солонаи саҳҳомони ҶСК «НБО Роғун»  доир мегардад.

Аз ҶСК «НБО Роғун» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар ин ҷаласа баррасии 9 масъала, аз ҷумла масъалаи афзудани ҳаҷми сармояи оинноваии Ҷамъият дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта дар Маҷлиси умумии солонаи саҳҳомони ҶСК «НБО Роғун» ҳаҷми сармояи оинномавии Ҷамъият аз 12 млрд. то 14 млрд. сомонӣ зиёд карда шуда буд.

Дар маҷлис ҳамчунин масъалаҳои ворид намудани тағйироту илова ба Оинномаи ҶСК «НБО Роғун» низ баррасӣ шуда, ҳисоботи комиссияи тафтишотӣ оид ба фаъолияти молиявӣ дар соли 2015, хулосаи аудитори ҶСК «НБО Роғун» барои солҳои 2014-2015 ва ҳисоботи Комиссияи тафтишотӣ оид ба фаъолияти молиявии ҶСК «НБО Роғун» дар соли 2015 низ шунида мешаванд.

Дар маҷлис ҳайати нави Шӯрои нозирон, Комиссияи тафтишотӣ ва Комиссияи ҳисоби Ҷамъият интихоб карда мешаванд. Дар фарҷоми маҷлис саҳҳомони Ҷамъият қарори баргузории санҷиш (аудит)-и Ҷамъият дар соли 2016 ва ҳаҷми маблағи пардохти хизматгузориҳои аудиторро тасдиқ мекунанд.

Қобили зикр аст, ки маҷлиси умумии нахустини солонаи саҳҳомони ҶСК «НБО «Роғун» 26-уми майи соли 2011 ва маҷлиси ахири саҳҳомони он 

22 майи соли гузашта

 баргузор гардид.

Моҳи январи соли 2010 дар Тоҷикистон маъракаи фурӯши саҳмия ва сертификатҳои ҶСК «НБО «Роғун» оғоз гардид. Ҳамагӣ ба маблағи 6 млрд. сомонӣ (наздики 1,37 млрд. $) саҳмияҳои арзишашон 100, 500, 1000 ва 5000 сомонӣ нашр шуданд.

Тибқи маълумоти Вазорати молияи ҶТ, то ба имрӯз маблағи умумии ба суратҳисоби «НБО Роғун» воридшуда аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳо ва сертификатҳои онҳо 830 млн. сомонӣ (188,5 млн. $)-ро ташкил медиҳад.

Шумори дорандагони саҳмияҳои номӣ бо арзиши 5000 сомонӣ ба 22 ҳазор нафар мерасад. Тибқи маълумоти пешакӣ, шумори дорандагони саҳмияҳои оддӣ ҳудуди 2 млн. нафарро ташкил медиҳад.

Маъракаи фурӯши кушоди саҳмияҳои ҶСК «НБО Роғун» баъди он оғоз гардид, ки Тоҷикистон барои маблағгузории идомаи сохтмони он сармоягузор пайдо накард. Маблағи умуми сармоягузорӣ барои анҷоми сохтмони нерӯгоҳ – 2,2 млрд. доллари ИМА ва навбати аввали он – 590 млн. доллари ИМА арзёбӣ мешавад.

Мавриди истифода қарор гирифтани навбати аввали нерӯгоҳи Роғун аз соли 2009 чандин маротиба ба муҳлати дигар мавқуф гузошта шуд ва имрӯз ҳам маълум нест, ки он кай мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Дар сурати амалисозии лоиҳа, сарбанди нерӯгоҳи Роғун баландтарин дар ҷаҳон хоҳад буд. Иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳи «Роғун» – 3600 МВт ва истеҳсоли миёнаи солонаи нерӯи барқи он – 13,1 млрд. кВт/соатро ташкил хоҳад дод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.