«Толибон» номи пешвои нави худро эълон карданд

Ҳаракати Толибон ба ҷойи пешвои пешини кушташудаи худ Мулло Ахтар Муҳаммад Мансур роҳбари нав таъин кард. Бино ба маълумоти BBS News, Мулло Ҳайбатуллоҳ Охунзода раҳбари нави ин гурӯҳ таъин шудааст. Нисбат ба роҳбарони пешинаи гурӯҳ, доир ба пешвои нави ҳаракати Толибон маълумоти зиёд дастрас нест. Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи ҷумъаи ҳафтаи сипаришуда Мулло Ахтар […]



Ҳаракати Толибон ба ҷойи пешвои пешини кушташудаи худ Мулло Ахтар Муҳаммад Мансур роҳбари нав таъин кард.

Бино ба маълумоти BBS News, Мулло Ҳайбатуллоҳ Охунзода раҳбари нави ин гурӯҳ таъин шудааст. Нисбат ба роҳбарони пешинаи гурӯҳ, доир ба пешвои нави ҳаракати Толибон маълумоти зиёд дастрас нест.

Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи ҷумъаи ҳафтаи сипаришуда Мулло Ахтар Мансур дар минтақаи назди марзи Афғонистону Покистон кушта шуд. Associated Press  бо истинод ба изҳороти мулло Абдул Рауф иттилоъ дода буд, ки ӯ дар натиҷаи ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишини амрикоӣ ба ҳалокат расида, ҳангоми ҳамла дар автомашинаи худ қарор доштааст.

Ба ҳамлаи ҳавоӣ ба пешвои Толибон аз ҷониби президенти ИМА Барак Обама дастур дода шуда, ӯниз марги пешвои ин гурӯҳро

тасдиқ кард.

Мулло Ахтар Мансур  тобистони соли гузашта баъди марги муассиси ҳаракат Мулло Умар роҳбари расмии ҳаракати Толибон шуд. Мансур муовини Мулло Умар буда, беш аз ду сол марги сардори худро пинҳон дошт ва аз номи ӯ то аз ҷониби ҳукумати Афғонистон ошкор шудани марги роҳбари ташкилот, ба гурӯҳи Толибон роҳбарӣ мекард.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.