Иштироки дабири кулли КМО дар кори Шӯрои олимпии Осиё



Рӯзи 26 май дар шаҳри Остона бори нахуст Ассамблеяи генералии минтақаи осиёимарказии Шӯрои олимпии Осиё доир гардид.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Кумитаи миллии олимпӣ (КМО)-и Тоҷикистон, дар кори он президенти Кумитаи миллии олимпии Қазоқистон Тимур Қулибоев, вазири фарҳанг ва варзиши Қазоқистон Аристанбек Муҳаммадиули, намояндагони Шӯрои олимпии Осиё ва ҳамчунин Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон, Туркманистон, Афғонистон, Эрон ва Қирғизистон ширкат варзиданд.

Тоҷикистонро дар кори Ассамлеяи генералии Шӯрои олимпии Осиё дабири кулли КМО Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев намояндагӣ кард.

Дар вохӯрӣ паёми шодбошии президенти Шӯрои олимпии Осиё Шайх Аҳмад ал-Фаҳад ал Сабоҳ қироат шуда, масоили истифодаи муштараки иншооти варзишӣ дар қаламрави Қазоқистон барои навъҳои зимистонаи варзиш аз ҷониби ҳамаи кишварҳои узви минтақаи Осиёи Марказӣ, рушди ҳаракати олимпӣ дар минтақа, иштироки фаъолонаи кишварҳои минтақа дар фаъолияти Шӯрои олимпии Осиё ва дар маҷмӯъ рушду варзиш дар ин кишварҳо баррасӣ шуданд.

Аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ миёни Кумитаи миллии олимпии Қазоқистон ва Кумитаҳои олимпии кишварҳои дар боло зикршуда ёддоштҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Қобили зикр аст, ки моҳи гузашта президенти Кумитаи миллии олимпии Қазоқистон Тимур Қулибоев бо қарори якдилонаи кумитаи иҷроия ба вазифаи ноиби президенти Шӯрои олимпии Осиё таъин шуд. 

spot_imgspot_img

Популярное