Э.Раҳмон ба афзудани «ҳисса»-и занон дар бонкҳо дастур дод

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба афзудани шумори занон дар низоми бонкии ҷумҳурӣ дастур дод. «Мо пешниҳод карда будем, ки ба кори муассисаҳои бонкӣ бештар занону бонувон ба кор ҷалб карда шаванд», – гуфт президент зимни суханронӣ дар ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон. Бо такя ба маълумоти оморӣ сарвари давлат изҳор намуд, ки ин […]



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба афзудани шумори занон дар низоми бонкии ҷумҳурӣ дастур дод.

«Мо пешниҳод карда будем, ки ба кори муассисаҳои бонкӣ бештар занону бонувон ба кор ҷалб карда шаванд», – гуфт президент зимни

суханронӣ

дар ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон.

Бо такя ба маълумоти оморӣ сарвари давлат изҳор намуд, ки ин супориш пурра иҷро нашудааст. «Бинобар ин, роҳбарони бонкҳои давлативу саҳҳомӣ ва сохторҳои маҳаллии онҳоро зарур аст, ки камбудии ҷойдоштаро бартараф намуда, кормандонашонро аз ҳисоби бонувон бештар намоянд», – қайд кард дар идома президент.

Қобили зикр аст, ки тайи солҳои ахир муассисаҳои бузурги низоми бонкии Тоҷикистон бо мушкилоти норасоии захираҳои молӣ дучор мешаванд.

Қаблан яке аз бонкҳои бузурги кишвар «Агроинвестбонк» бо мушкилот рӯбарӯ шуда, ҳукумат ба харидани қарзҳояш тасмим гирифт Маблағи умумии сармоягузории дубора 700 млн. сомониро ташкил дод. Дар бонк вазъро чунин шарҳ дода буданд, ки ҳукумат ба онҳо барои ба бахши пахтакорӣ додани қарзҳои ҳадафнок дастур додааст.

Ҳамчунин аз оғози соли равон боз яке аз бонкҳои бузурги ҷумҳурӣ – «Тоҷиксодиротбонк» низ ба мушкилоти молӣ мувоҷеҳ гардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

То +45°C ва баъзан борон меборад: ҳавои моҳи июн дар Тоҷикистон

Дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон моҳи июн гарму хушк омада, аммо дар баъзе рӯзҳо борону раъду барқ дар назар аст.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.