Вазири корҳои дохилии Қирғизистон ба истеъфо рафт

Президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбоев дархости истеъфои вазири корҳои дохилии ин кишвар Мелис Турганбоевро қабул кард. Хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон имрӯз изҳор дошт, ки Қашқар Ҷунушалиев, ки қаблан ба ҳайси сардори Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Бишкек ифои вазифа мекард, иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои дохилии Қирғизистон таъин шудааст. Ҳамчунин сарвари давлати Қирғизистон дар бораи маъқул шуморидани номзадии […]



Президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбоев дархости истеъфои вазири корҳои дохилии ин кишвар Мелис Турганбоевро қабул кард.

Хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон имрӯз изҳор дошт, ки Қашқар Ҷунушалиев, ки қаблан ба ҳайси сардори Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Бишкек ифои вазифа мекард, иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои дохилии Қирғизистон таъин шудааст.

Ҳамчунин сарвари давлати Қирғизистон дар бораи маъқул шуморидани номзадии Ҷунушалиев ба ин мансаб ба парлумон пешниҳод фиристодааст.

Дар мусоҳиба худи Турганбоев қайд кардааст, ки бо хоҳиши худаш дархости истеъфоро пешниҳод карда, даъват кардааст, ки дар ин тасмим ангезаи сиёсӣ наҷӯянд. «Ман истироҳат карданиам. Мансаби вазирӣ барои абадӣ ба ман дода нашудааст», – иброз доштааст Мелис Турганбоев.

Ӯ ҳамчунин гуфтааст, аз соли 2010 ба рухсатии меҳнатӣ набаромадааст. Ӯ 3 октябри соли 2014 вазири корҳои дохилии Қирғизистон таъин шуда буд. То ин вақт муддати чор сол вазифаи муовини вазири корҳои дохилиро ба уҳда дошт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.