Даъвати занон ба азхудкунии касбҳои «мардона»

Дар толори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 30 май  бо иштироки раиси Кумита Идигул Қосимзода, муовинони ректорони донишгоҳу донишкадаҳои пойтахт оид ба тарбия, раисони Шӯрои занон ва зиёда аз 70 нафар донишҷӯдухтарони фаъолу аълохони донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар дар доираи Барномаи далатии “Тарбия, интихоб ва ҷо ба ҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи […]



Дар толори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 30 май  бо иштироки раиси Кумита Идигул Қосимзода, муовинони ректорони донишгоҳу донишкадаҳои пойтахт оид ба тарбия, раисони Шӯрои занон ва зиёда аз 70 нафар донишҷӯдухтарони фаъолу аълохони донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар дар доираи Барномаи далатии “Тарбия, интихоб ва ҷо ба ҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016” ҷиҳати “Андешидани чораҳо барои соҳиби ихтисосҳои камёфт гардидани занону духтарон” мизи мудаввар баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумита, дар мизи мудаввар қайд гардид, ки яке аз масъалаҳои муҳим аз байн бурдани ақидаҳо оид ба касбҳои занона ва мардона мебошад.

Хусусияти иҷтимоишавии фард то ба имрӯз таъсири худро ба интихоби касби духтарон расонида истодааст. Ин аст, ки имрӯз шумораи занон дар соҳаи иҷтимоӣ аз 50% боло рафта, дар соҳаҳои дигар, аз ҷумла муҳандисӣ, металлургӣ, информатика, дипломатия ва менеҷмент ҳоло ҳам кам аст, зеро дар аксар мавридҳо ба ин касбҳо ҳамчун касбҳои “мардона” баҳогузорӣ карда мешаванд.

Бо дар назардошти хусусияти мазкур ва тибқи нақшаи амали барнома бо мақсади ҳавасмандгардонии духтарони дар ихтисосҳои мазкур фаъолияткунанда ҷудо намудани идрорпулиҳо ба назар гирифта шудаанд, ки ҳамасола духтарони дар ин ихтисосҳо таҳсилкунанда баҳравар мешаванд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар самти ҷалби духтарон аз рӯи ихтисосҳои номбаршуда саҳми Донишгоҳи ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ назаррас мебошанд.

Ҳадаф аз ташкили ин мизи мазкур ҷалби бештари духтарон ба муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ аз рӯи ихтисосҳои муҳандисӣ, металлургӣ, ҳисобу информатика, энергетика, геологӣ, менеҷмент ва муносибатҳои байналмиллалӣ мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.