Баррасии масъалаи кадрҳо дар маҷлиси навбатии ҳукумат

Имрӯз таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон, раиси ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар маҷлис нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ гардида, вале ҷузъиёти ин масъала шарҳ дода нашудааст. Сипас ҳисоботи раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон “Оид ба рафти иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии […]



Имрӯз таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон, раиси ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар маҷлис нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ гардида, вале ҷузъиёти ин масъала шарҳ дода нашудааст.

Сипас ҳисоботи раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон “Оид ба рафти иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” шунида шуд.

Дар кори маҷлис аъзои Ҳукумат лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохт ва низоми пардохт”, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро маъқул дониста, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуданд.

Барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон ҳамчунин хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат” ва “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ” пешниҳод карда шуд.

Лоиҳаҳои қарорҳо оид ба пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд “Оид ба тағйир додани номи шаҳраки Нови ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ба шаҳраки Навкат” ва Дар бораи низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шуданд.

Вобаста ба иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии масъалаҳои дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасишуда ва дигар масъалаҳои муҳими ҷомеа Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми кори ҷаласа ба аъзои Ҳукумат ва роҳбарони дигар вазорату идораҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.