Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳокимаи парламентӣ
баргузор гардид, ки дар он масъала «Оид ба рафти иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи «Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар музокирот қайд шуд, ки ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри ноил гардидан ба рушди саноати сабук «Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006 — 2015» қабул намуда, дар ҷараёни амалисозии он давоми даҳ сол ба рушди ин соҳа равона кардани 314 млн. доллари ИМА сармоягузорӣ ва воситаҳои буҷетӣ дар назар буд.
Аз давраи амалишавии Барномаи соҳа, ҷиҳати сохта ба истифода додани корхонаҳои нав, аз нав муҷаҳҳазгардонии хатҳои технологии корхонаҳои амалкунанда ва васеъгардонии иқтидорҳои истеҳсолӣ зиёда аз 143,8 млн. доллари ИМА аз худ карда шудааст, ки ин 45,8%-и маблағҳои пешбинишударо ташкил медиҳад.
Ёдрас мекунем, ки соли 2005 ҳукумати Тоҷикистон барномаи стратегии даҳсола оид ба коркарди пурраи нахи пахта дар давраи то соли 2015-ро қабул намуд, ки мутобиқи он соли 2015 бояд барои 100% коркард шудани нахи пахта дар қаларави ҷумҳурӣ тамоми шароитҳо фароҳам оварда мешуданд ва ин лоиҳа 10 млрд. сомонӣ даромади иловагӣ оварда, мебоист 39 ҳазор нафарро бо ҷойи корӣ таъмин мекард, вале он иҷронашуда боқӣ монд.
Ҳамасола ҳаҷми истеҳсоли пахтаи хом дар Тоҷикистон коҳиш меёбад ва амалисозии барномаи коркарди нахи он набояд душворӣ меовард, вале имрӯз маълум мешавад, ки ҳаҷми умумии коркарди он аз 6 то 8%-ро ташкил медодааст.
Бино ба иттилои як манбаъи «Азия-Плюс» дар ҳукумати кишвар, охири соли 2014 дар Тоҷикистон 111.607 тонна нахи пахта истеҳсол шуда, 9.778 тоннаи он дар корхонаҳои ватанӣ коркард шудааст, ки тақрибан 8,7% аз маҳсулоти умумии тайёршуда мебошад.
Ба андешаи коршиносон, ширкатҳои хусусӣ бештар ба фурӯши пахтаи хом бо пули нақд манфиатдоранд. Барои онҳо муҳим нест, ки онро кӣ коркард мекунад. Онҳо бештар ба масъалаи зудтар баргардонидани маблағ саргарманд.
Соли қабул шудани ин барномаи стратегӣ масъулияти иҷрои он ба дӯши Вазорати саноат ва энергетика вогузор гардида буд. Баъди аз мансаби вазирии ин ниҳод барканор шудани Гул Шералӣ, вазорат ба ду сохтори ҷудогона тақсим шуда, акнун масъули амалисозии барномаи дар боло зикршуда Вазорати саноат ва технологияҳои нав таҳти раҳбарии Шавкат Бобозода аст.
Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров санаи 6 апрели соли равон зимни суханронӣ дар Маҷлиси намояндагон
дар ин робита зикр карда буд
, ки айни замон аз ҳаҷми умумии ҳосили пахтае, ки дар Тоҷикистон ҷамъоварӣ мешавад, ҳамагӣ 6% фоизаш дар дохилӣ ҷумҳурӣ коркард ва аз он маҳсулот истеҳсол мешавад.
«Ҳосили пахтаи боқимондаро мо бо нархи ночиз ба хориҷа мефурӯшем ва сипас бо нархи даҳчанд болотар маҳсулоти аз пахтаи худ истеҳсолшударо мехарем», – гуфта буд Зуҳуров.





