«Спитамен Бонк» қарзи ипотекӣ ҷорӣ мекунад

Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Спитамен Бонк”  номгӯи маҳсулоти қарзиашро зиёд карда, доир ба ворид сохтани қарзи ипотекӣ хабар медиҳад. Аз якуми июн ҶСП “Спитамен Бонк” қарзи ипотекиро ворид месозад, ки барои шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони воқеъӣ пешниҳод мешавад. “Ин маҳсулро мо барои пешниҳоди роҳҳои дастраси ҳалли масоили вобаста ба манзил, ки яке аз масъалаҳои […]



Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Спитамен Бонк”  номгӯи маҳсулоти қарзиашро зиёд карда, доир ба ворид сохтани қарзи ипотекӣ хабар медиҳад.

Аз якуми июн ҶСП “Спитамен Бонк” қарзи ипотекиро ворид месозад, ки барои шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони воқеъӣ пешниҳод мешавад.

“Ин маҳсулро мо барои пешниҳоди роҳҳои дастраси ҳалли масоили вобаста ба манзил, ки яке аз масъалаҳои афзалиятнок барои аксари мардум ба ҳисоб меравад, аз ҷумла оилаҳои серфарзанд, навхонадорон ва шахсони бо хешовандони наздик мезиста, ки мехоҳанд соҳиби хонаи худ бошанд, ворид месозем. Таври маълум, на ҳама вақт имконияти якбора ҷамъ кардани маблағи зарурӣ барои хариди хона мавҷуд аст. Роҳи хуби ҳалли ин масъала метавонад қарзи ипотекии Бонки мо шавад,” – гуфт муовини аввали Раиси Раёсати ҶСП “Спитамен Бонк” Умедҷон Ҳикматов.

Ин қарзро на танҳо барои хариди хона, балки бо мақсади таъмири манзил низ гирифтан мумкин аст.

ҶСП “Спитамен Бонк” дар байни ҳадафҳои афзалиятнокаш, ба воридсозии маҳсулоти наву хизматрасониҳои инноватсионӣ диққати махсус медиҳад. Воқеан, интихоби дурусти маҳсулоти молиявӣ, хизматрасонии босифату зуд, инчунин устуворию эътимодияти бонк гарави муваффақияти мизоҷон мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.