Вазорати тандурустӣ: Толибилмони мактаби Ваҳдат аз бӯи гулҳо беҳуш шудаанд

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон изҳор медорад, ки 11 нафар толибилмони мактаби миёнаи №104-и деҳаи Сӯфиёни шаҳри Ваҳдат аз бӯи гулҳои саҳроӣ заҳролуд шудаанд. Муовини вазири тандурустии ҷумҳурӣ, сардухтури санитарии кишвар Наврӯз Ҷаъфаров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки маълумот дар ин хусусро ба ӯ аз прокуратураи шаҳри Ваҳдат пешниҳод намудаанд. […]

ASIA-Plus



Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон изҳор медорад, ки 11 нафар толибилмони мактаби миёнаи №104-и деҳаи Сӯфиёни шаҳри Ваҳдат аз бӯи гулҳои саҳроӣ заҳролуд шудаанд.

Муовини вазири тандурустии ҷумҳурӣ, сардухтури санитарии кишвар Наврӯз Ҷаъфаров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки маълумот дар ин хусусро ба ӯ аз прокуратураи шаҳри Ваҳдат пешниҳод намудаанд. «Айни замон прокуратура муайян мекунад, ки маҳз кадом гулу растаниҳо боиси ба ин ҳолат гиифтор шудани хонандагон гардидаанд», – иброз дошт ӯ.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон

дар ин робита изҳор дошта буд

, ки 11 нафар толибилмони мактаби таҳсилоти умумии №104-и деҳаи Сӯфиёни шаҳри Ваҳдат аз бӯи гулҳо заҳролуд шудаанд.

Муқим Ҷумъаев, омӯзгори мактаби рақами 104-и деҳаи Сӯфиён ба

Радиои Озодӣ

гуфтааст, тамоми ҳодиса аз бӯидани гули садбарг оғоз ёфтааст. Ӯ бо ишора ба гулҳои садбарги даромадгоҳи мактаб гуфт, талабаҳо субҳи барвақт ин гулро бурида, бо худ ба синфхона даровардаанд ва баъди чанде аз ҳуш рафтаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.