Пайвасти шабакаи барқи «Помир Энерҷи» ба Афғонистон

Вохӯрии намояндагони ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва  Шабакаи рушди Оғохон  ҷиҳати таҷлили  пайвастшавии ду деҳаи Афғонистон ба шабакаи барқии ҷамъияти саҳомии шакли кушоди «Помир Энерҷи»-и Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин рӯйдоди муҳими таърихӣ тақрибан 100 нафар намояндагон аз ҷамоати маҳаллӣ низ иштирок намуданд. Кордори Сафорати ИМА Лесли Ҳэйден, ва директори генералии ҶСК «Помир Энерҷи» Далер Ҷумаев тугмачаи рамзии дар симчӯб насбшударо […]



Вохӯрии намояндагони ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва 


Шабакаи рушди Оғохон


 ҷиҳати таҷлили  пайвастшавии ду деҳаи Афғонистон ба шабакаи барқии ҷамъияти саҳомии шакли кушоди «Помир Энерҷи»-и Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин рӯйдоди муҳими таърихӣ тақрибан 100 нафар намояндагон аз ҷамоати маҳаллӣ низ иштирок намуданд.

Кордори Сафорати ИМА Лесли Ҳэйден, ва директори генералии ҶСК «Помир Энерҷи» Далер Ҷумаев тугмачаи рамзии дар симчӯб насбшударо пахш намуда, бо ҳамин ба интиқоли барқ байни ду давлати ҳамҷавор ифтитоҳ бахшиданд. Дар қатори дигар шахсони расмӣ муовини аввали раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Нуралӣ Риоев ва котиби якуми консулгарии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулишоки Якубӣ низ дар маросими ифтитоҳ иштирок карданд. 

Пайвасткунии ин ду деҳа ба шабакаи барқӣ дар чорчӯбаи Лоиҳа оид ба гузаронидани хати байнисарҳадии интиқоли барқ дар ноҳияи Шуғнон, ки бо дастгирии молиявии USAID бо маблағи 1 млн доллари ИМА ва саҳми Бунёди Оғохон ба миқдори 464000 доллари ИМА сурат гирифт, татбиқ гардидааст. Илова ба пайвасти ин ду деҳа тавассути интиқоли барқ, лоиҳаи мазкур ба мукаммал намудани системаҳои вуҷуддошта ва зерсохтори ҶСК«Помир Энержи» мусоидат намуд, ки он дар навбати худ ба вусъат ёфтани соҳаи хизматрасонӣ ва беҳтар намудани фазои он ба муштариён ҳар ду тарафи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон асос хоҳад гузошт.

Бори аввал дар таърих қариб 3000 нафар сокинони деҳаҳои Деҳсор ва Виризи Афғонистон ба барқи тоза, арзон ва аз нав барқароршаванда дастрасӣ пайдо намуданд. Таъмини барқи доимӣ бевосита ба беҳтаршавии сифати зиндагӣ мусоидат мекунад: ҳангоми афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳо, даромад низ зиёд хоҳад шуд, халқ имконият пайдо мекунад, ки маблағ ва меҳнати худро ҷиҳати гарм кардан ва рӯшанӣ додани манзилҳояшон камтар сарфа намоянд; сатҳи маърифатнокӣ беҳтар хоҳад шуд, агар кӯдакон дар вақти бегоҳирӯзӣ ва рӯзҳои торики зимистон дар чароғи равшан дарс тайёр кунанд; паст шудани сатҳи ифлосшавии фазои дохилии манзил дар натиҷаи истифодабарии сӯзишворӣ;  сатҳи бемориҳои роҳи нафасу чашмро низ коҳиш медиҳад. 

Дар баробари сармоягузориҳо ба сохтмони кӯпрукҳо, бозорҳо ва роҳҳои васлкунанда, таъмини қувваи барқ ба тиҷорат ва рушди иқтисодиёт мусоидат намуда, аз бартариятҳои воқеии равобити байнисарҳадӣ байни Тоҷикистону Афғонистон гувоҳӣ медиҳад.   

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.