Ҳамдардии президент ба пайвандону наздикони Қаҳҳор Маҳкамов

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба даргузашти аввалин президенти Тоҷикистон, ходими намоёни давлатӣ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов ба пайвыандони наздикони марҳум ҳамдардӣ изҳор намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар тасаллияти Пешвои миллат зикр мегардад, ки Қаҳҳор Маҳкамов дар давоми умри бобаракати худ дар мансабҳои мухталифи роҳбарикунандаи […]



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба даргузашти аввалин президенти Тоҷикистон, ходими намоёни давлатӣ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов ба пайвыандони наздикони марҳум ҳамдардӣ изҳор намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар тасаллияти Пешвои миллат зикр мегардад, ки Қаҳҳор Маҳкамов дар давоми умри бобаракати худ дар мансабҳои мухталифи роҳбарикунандаи давлатӣ ифои вазифа намуда, тамоми дониш ва таҷрибаву малакаи худро барои  пешрафт ва ободии Тоҷикистон сарф кардааст.

Гуфта мешавад, мавсуф ҳамчун шахси хоксор, мутахассиси кордон ва роҳбари дилсӯзу ғамхор дар хотири мардуми Тоҷикистон абадӣ хоҳад монд.

«Дар ин лаҳзаҳои вазнин ба фарзандону пайвандон ва хешу таборони Маҳкамов Қаҳҳор Маҳкамович изҳори ҳамдардии амиқ намуда, ба ҳамаашон аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил мехоҳам», – омадааст дар тасаллияти сарвари давлат.

Қаҳҳор Маҳкамов пас аз бемории тӯлонӣ рӯзи 8 июн дар синни 85-солагӣ дар Душанбе

аз олам даргузашт.

Маросими ба хок супурдани аввалин президенти Тоҷикистон имрӯз дар оромгоҳи Сари Осиёи пойтахт доир мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.