Оғози ҷаласаи Шӯрои электроэнергетикии ИДМ дар Душанбе

Ҷаласаи навбатии 49-уми Шӯрои электроэнергетикии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил имрӯз дар Душанбе ба кор шурӯъ кард. Тавре хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ иттидоъ медиҳад, иштирокдорони ҷаласа масоили баргузории мониторинги истифода дар фаъолияти низомҳои энергетикиро бараасӣ карда, аз кори низомҳои энергетикии кишварҳои узви Иттиҳод дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016 натиҷагирӣ мекунанд. Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа […]



Ҷаласаи навбатии 49-уми Шӯрои электроэнергетикии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил имрӯз дар Душанбе ба кор шурӯъ кард.

Тавре хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ иттидоъ медиҳад, иштирокдорони ҷаласа масоили баргузории мониторинги истифода дар фаъолияти низомҳои энергетикиро бараасӣ карда, аз кори низомҳои энергетикии кишварҳои узви Иттиҳод дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016 натиҷагирӣ мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа баррасии масъалаҳои таҷрибаи Молдова оид ба коҳиши талафоти нерӯи барқ дар шабакаҳои интиқоли низоми энергетикӣ, техникаи бехатарӣ зимни истифодаи таҷҳизоту дастгоҳҳои барқӣ, санҷиши омодагии корхонаҳои бахши энергетикии кишварҳо ба мавсими ояндаи тирамоҳу зимистон, таҳияи асноди меъёрии техникӣ дар соҳаи метрологияи андозагириҳои электрикӣ ва баҳисобгирии нерӯи барқ дар назар аст.

Гуфта мешавад, доир ба ҳамкориҳо дар доираи Шӯрои мазкур ва дар доираи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиёи ва Уқёнуси Ором барои солҳои2016-2018 ва чорабиниҳои Шӯрои электроэнергетикии ИДМ дар соли 2017 табодули назар сурат мегирад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.