Диловаршоҳ Орзуев аз рӯйхати доварони ФФТ хориҷ шуд

Довари футбол аз Ҳисор Диловаршоҳ Орзуев аз рӯйхати довароне, ки дар бозиҳои Лигаи олӣ ва якум ва мусобиқоти ҷавонони Лигаи милли футбол фаъолият мекунанд, хориҷ карда шуд. Дар санади ҷаласаи Кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) қайд мешавад, ки фаъолияти Д.Орзуев мунтазам мавриди интиқод қарор дошта, аксари хатогиҳое, ки дар бозиҳои муҳим аз ҷониби ӯ […]



Довари футбол аз Ҳисор Диловаршоҳ Орзуев аз рӯйхати довароне, ки дар бозиҳои Лигаи олӣ ва якум ва мусобиқоти ҷавонони Лигаи милли футбол фаъолият мекунанд, хориҷ карда шуд.

Дар санади ҷаласаи Кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) қайд мешавад, ки фаъолияти Д.Орзуев мунтазам мавриди интиқод қарор дошта, аксари хатогиҳое, ки дар бозиҳои муҳим аз ҷониби ӯ содир шудаанд, ба натиҷаи вохӯриҳо таъсир расонидаанд.

Дар робита ба бад шудани сифати доварӣ, ки ба содир гардидани иштибоҳҳои ҷиддӣ дар бозиҳои чемпионат, Ҷоми футболи Тоҷикистон ва дигар мусобиқот боис шуданд, Кумитаи доварони ФФТ оид ба аз рӯйхати доварони Федератсия хориҷ кардани Диловаршоҳ Орзуев қарор қабул кард.

Ғайр аз ин, барои бад шудани ҳолати ҷисмонӣ ва аз даст додани назорати ҷараёни бозӣ зимни доварӣ, Кумитаи доварони ФФТ ба довар Сафармаҳмад Шоймардонов аз Хуросон огоҳии қатъӣ додааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.