Дар парлумон фаъолияти обуҳавошиносон баррасӣ шуд

Муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев имрӯз доир ба масъалаи ҷараёни амалисозии лоиҳаи Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд ва ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи такмили хадамоти обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ» музокирои парлумонӣ баргузор кард. Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки арзиши умумии лоиҳа 13 млн. […]



Муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев имрӯз доир ба масъалаи ҷараёни амалисозии лоиҳаи Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд ва ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи такмили хадамоти обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ» музокирои парлумонӣ баргузор кард.

Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки арзиши умумии лоиҳа 13 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, амалисозии он соли 2012 оғоз ва анҷоми он охири соли 2018 дар назар аст.

Дар музокироти парлумонӣ зикр гардид, ки дар доираи амалисозии лоиҳа қариб дар ҳамаи истгоҳҳои обуҳавосанҷии Тоҷикистон таҷҳизоти замони шӯравӣ бо нав иваз шуда, ҳамаи онҳо бо техникаи муосири компютерӣ ва шабакаи интернет таъминанд.

Дар музокирот бо изҳори таассуф қайд шудааст, ки айни замон музди меҳнати нозирон ва кормандони техникии истгоҳҳои обуҳавосанҷии ҷумҳурӣ аз 270 то 290 сомониро ташкил медиҳад. Дар Тоҷикистон 96 постгоҳи метереологӣ ва 54 истгоҳи обуҳавосанҷӣ фаъолият дошта, дар онҳо 796 кормандон машғули коранд.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи натиҷаҳои музокироти парлумонӣ ба унвони ҳукумат ва кишварҳову созмонҳои мададрасон як қатор тавсия ва пешниҳодҳо қабул шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.