Фармондеҳи Фармондеҳии марказии Иёлоти Мутаҳиддаи Амрико генерал Ҷозеф Вотел бо мақсади вохӯрӣ бо раҳбарони баландмақоми Тоҷикистон ва намояндагони Сафорати ИМА дар ҷумҳурӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.
Бо натиҷагирӣ аз ин сафар сафорати ИМА дар ҶТ иттилоъ медиҳад, ки зимни вохӯрӣ бо Президент Эмомалӣ Раҳмон ва сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ-муовини якуми вазири мудофиаи ҶТ генерал-майор Эмомалӣ Собирзода , ноиби раиси КДАМ ҶТ, генерал-майор Мансурҷон Умаров ва муовини якуми раиси КДАМ – сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ як қатор масъалаҳои муштарак роҷеъ ба амният мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳамкории мунтазами ИМА ва Тоҷикистон дар соҳаи ҳарбӣ аз ҷониби генерал баланд арзёбӣ гардид.
«Дар ҷараёни вохӯриҳои сатҳи баланд генерал Вотел моҳияти ҳамкории зеринро, ки баҳри таъмини субот ва ободию шукуфоии Тоҷикистон равона шудааст, таъкид намуд. Дар тӯли 25 соли ҳамкориҳои муштарак ИМА ва Тоҷикистон ба давраи пешрафт, ки он ба раванди табаддул дар Тоҷикистон ва баъдан ба суботу ободӣ ва шукуфоӣ дар Осиёи Марказӣ саҳм ва мусоидат намудаст, метавонанд назар кунанд. Кӯшишу талоши муштараки ИМА ва Тоҷикистон дар соҳаи ҳарбӣ асосан ба масоили амнияти марзӣ, мубориза алайҳи терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир равона карда шудаанд», – қайд мешавад дар маълумоти сафорат.
Гуфта мешавад, беш аз ду даҳсола ҳамкории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон ҷиҳати таъмини амният ва сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ идома ёфта, ҳамзамон ба беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Зимнан зикр мегардад, ки аз соли 1992 то ин ҷониб ҳукумати ИМА ба Тоҷикистон тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона, ки ба рушди соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика, соҳибкорӣ, тандурустӣ ва маориф, васоити ахбори оммаи мустақил ва ҷомеаи шарҳвандӣ равона карда шудаанд, беш аз 1 млрд. доллари ИМА маблағ ҷудо намудааст.





