Созишномаи тартиби соддаи гирифтани шаҳрвандӣ бо Қирғизистон бекор шуд



Дар ҷаласаи хотимавии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум вакилони мардумӣ бекор кардани Созишномаи ҳанӯз соли 2002 баимзорасида миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба тартиби соддаи гирифтани шаҳрвандиро бидуни баррасӣ ва якдилона маъқул шумориданд.

Дар ҷаласа ҳамчунин аз эътибор соқит донистани Созишномаи соли 2004 баимзорасида миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи ба шаҳрвандони Тоҷикистон додани ҳуқуқи ба таври содда баромадан аз шаҳрвандии Тоҷикистон ва ба онҳо додани ҳуқуқи ба таври содда қабул кардани шаҳрвандии Қирғизистон низ тасдиқ шуд.

Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала муовини вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Маҳмадшарифи Ҳақдод қайд кард, ки ташаббуси бекор донистани ин созишномаҳо аз ҷониби президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст.

М.Ҳақдод изҳор намуд, ки ҳадаф ва вазифаҳои созишномаҳои зикршуда амалӣ шуда, минбаъд масъалаи гирифтани шаҳрвандӣ ё хориҷ  шудан аз шаҳрвандӣ мутобиқи қонуни Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандӣ» танзим мешавад, ки соли 2015 қабул шудааст.

Ба андешаи раиси палатаи поёнии парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров, миёни Душанбе ва Бишкек дар бораи шаҳрвандии дуҷониба (душаҳрвандӣ) қарордоде вуҷуд надорад. «Амали созишномаҳои мазкур минбаъд дар ҳаллу фасли масоили марзӣ бо Қирғизистон мушкилӣ эҷод карда метавонистанд», – иброз дошт ӯ.

spot_imgspot_img

Популярное