Ҳукми 12 соли зиндон ба афсари руси қотили зани тоҷик



Суди ҳавзаи ҳарбии Урал афсари пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон Иван Шербаковро, ки ба куштори шаҳрванди Тоҷикистон, зани 22-сола Шоира Ҷобирова гумонбар дониста мешуд, ба 12 соли зиндон маҳкум кард.

Аз пойгоҳи низомии 201-ум ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ғайр аз ин суд Шербаковро ба пардохти ҷубронпулӣ ба наздикони Ҷобирова дар ҳаҷми 1,5 млн. рубл низ уҳдадор кардааст.

Ба иттилои манбаъ, муҳлати ҷазоро Шербаков дар яке аз муассисаҳои ислоҳии Русия адо мекунад. Мурофиаи судӣ дар гарнизони ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон баргузор шуд.

Қаблан

иттилоъ дода будем

, ки прокуратураи ҳарбии Ҳавзаи марказии ҳарбӣ парвандаи ҷиноӣ исбати афсари рус Иван Шербаковро ба тафтиши иловагӣ фиристод. Иван Шербаков дар шаҳри Екатеринбурги Русия 

аз ташхиси судии рӯҳӣ гузашта

, солим дониста шуд.

Шербаков ба қатли сокини шаҳри Душанбе Шоира Ҷобироваи 22-сола, ки 5 ноябри соли гузашта рух дода буд, айбдор карда мешавад. Он замон 

иттилоъ дода шуд,

 ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Русия дар ҳамдастӣ бо раҳбарияти пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон дар фурсати кӯтоҳтарин сабабҳои куштори зани маҳаллӣ аз ҷониби афсари пойгоҳи низомӣ Иван Шербаковро ошкор намуданд.

Ҳамчунин зикр гардида буд, ки хизматчии ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон Иван Шербаков, ки 

ба қатли як зани тоҷик

 Шоира Ҷобироваи 22-сола гумонбар дониста мешавад, 

ба тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и

 №1-и шаҳри Душанбе интиқол гардида, то ахири тафтишот – 6 январи соли 2016 дар он ҷо қарор хоҳад дошт. Дар ин бора қаблан 

Радиои Озодӣ

 бо истинод ба манбаъҳои наздики худ ба тафтишот иттилоъ дода буд.

spot_imgspot_img

Популярное