Эҳтимоли болоравии арзиши гази моеъ дар Тоҷикистон

Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон болоравии арзиши гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯшро дар пайи афзоши нархи ин навъи сӯзишворӣ дар Қазоқистон аз эҳтимол дур намедонад. Дар ҳамин ҳол, дар Хадамот болоравии босуръати нархҳоро интизорӣ надоранд, зеро ширкатҳои воридкунандаи гази моеъ ба Тоҷикистон аллакай ба харидории ин навъи сӯзишворӣ аз Русия бештар таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Сардори […]



Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон болоравии арзиши гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯшро дар пайи афзоши нархи ин навъи сӯзишворӣ дар Қазоқистон аз эҳтимол дур намедонад. Дар ҳамин ҳол, дар Хадамот болоравии босуръати нархҳоро интизорӣ надоранд, зеро ширкатҳои воридкунандаи гази моеъ ба Тоҷикистон аллакай ба харидории ин навъи сӯзишворӣ аз Русия бештар таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.

Сардори Раёсати танзими монополияҳои табиии Хадамоти зиддиинҳисорӣ Саидалӣ Зарифзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита қайд кард, ки арзиши гази моеъ дар бозори Тоҷикистон пеш аз ҳама ба нархгузории он дар кишварҳои интиқолдиҳанда вобаста аст.

Ӯ таъкид дошт, ки аз оғози сол нархи чаканаи як литр гази моеъ дар Тоҷикистон 0,40 сомонӣ (16%), аз 2,4 сомонӣ дар аввали сол то ба 2,8 сомонӣ боло рафта, ба ин ҳолат маҳз омилҳои беруна, нархҳо ва ҳаҷми воридот таъсир расонидаанд.

Аммо ӯ ояндаи наздик болоравии босуръати арзиши гази моеъ дар Тоҷикистонро интизорӣ надорад. «Нимсолаи аввал гази моеъ нисбат ба Русия дар Қазоқистон арзонтар буд ва аз ин рӯ, ин навъи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон асосан аз Қазоқистон ворид мегардид. Пас аз болоравии нархи гази моеъ дар Қазоқистон аз 1 июл, ширкатҳои воридкунандаи гази моеъ ба Тоҷикистон акнун бештар ба бозори Русия рӯ меоваранд», – гуфт ӯ.

Номбурда изҳори итминон кард, ки «агар гази моеъ бештар аз Русия интиқол дода шавад, нархҳо устувор боқӣ мемонанд».

Бино ба маълумоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ, ҳудуди 70% аз ҳаҷми умумии гази моеъи воридшуда ба Тоҷикистон дар нимсолаи аввал ба Қазоқистон, каме бештар аз 25% – ба Русия ва ҳамчунин дар ҳаҷмҳои начандон зиёд – ба Туркманистон ва Қирғизистон рост меоянд.

Дар ҳамин ҳол, Зарифзода зикр кард, ки хадамоти зиддиинҳисорӣ ҳуқуқ надорад, ки ба ҷараёни нархгузорӣ ба гази моеъ дахолат кунад, чунки субъектҳои хоҷагидории бартаридошта дар ин бозор ба қайд гирифта нашудааст ва мутобиқи қонунгузории кишвар дар ин самт, ба феҳристи субъектҳои хоҷагидории бартаридошта танҳо он субъектҳое шомил карда мешаванд, ки ҳиссаи онҳо дар бозор баробар ба 35% ё аз он зиёдтар бошад.

«Ширкатҳои асосии воридкунандаи гази моеъ ба Тоҷикистон ҶДММ «Темуройл» ва ҶДММ «Гули сурх» мебошанд, ки ҳиссаашон дар ин бозор мутаносибан ба 14,5% ва 10,4% баробар аст», – афзуд номбурда.

Ёдрас мекунем, ки дар робита ба афзоиши ҳаҷми содироти гази моеъ ба хориҷи кишвар, аз 1 июли соли равон Қазоқистон

нархи онро беш аз 2 баробар

боло бурд.

Бино ба 

иттилои

 хадамоти матбуоти Вазорати энергетикаи ин кишвар, дар чанде аз минтақаҳои кишвар камбуди гази моеъ ба вуҷуд омада, аз ин рӯ, бо мақсади таъмини устувори бозори дохилӣ бо ин навъи сӯзишворӣ, арзиши яклухти он аз 11033 танга (32$) то ба 23106 танга (67$) боло бурда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.