Ҳукми 12 соли зиндон ба афсари руси қотили зани тоҷик

Суди ҳавзаи ҳарбии Урал афсари пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон Иван Шербаковро, ки ба куштори шаҳрванди Тоҷикистон, зани 22-сола Шоира Ҷобирова гумонбар дониста мешуд, ба 12 соли зиндон маҳкум кард. Аз пойгоҳи низомии 201-ум ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ғайр аз ин суд Шербаковро ба пардохти ҷубронпулӣ ба наздикони Ҷобирова дар ҳаҷми […]



Суди ҳавзаи ҳарбии Урал афсари пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон Иван Шербаковро, ки ба куштори шаҳрванди Тоҷикистон, зани 22-сола Шоира Ҷобирова гумонбар дониста мешуд, ба 12 соли зиндон маҳкум кард.

Аз пойгоҳи низомии 201-ум ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ғайр аз ин суд Шербаковро ба пардохти ҷубронпулӣ ба наздикони Ҷобирова дар ҳаҷми 1,5 млн. рубл низ уҳдадор кардааст.

Ба иттилои манбаъ, муҳлати ҷазоро Шербаков дар яке аз муассисаҳои ислоҳии Русия адо мекунад. Мурофиаи судӣ дар гарнизони ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон баргузор шуд.

Қаблан

иттилоъ дода будем

, ки прокуратураи ҳарбии Ҳавзаи марказии ҳарбӣ парвандаи ҷиноӣ исбати афсари рус Иван Шербаковро ба тафтиши иловагӣ фиристод. Иван Шербаков дар шаҳри Екатеринбурги Русия 

аз ташхиси судии рӯҳӣ гузашта

, солим дониста шуд.

Шербаков ба қатли сокини шаҳри Душанбе Шоира Ҷобироваи 22-сола, ки 5 ноябри соли гузашта рух дода буд, айбдор карда мешавад. Он замон 

иттилоъ дода шуд,

 ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Русия дар ҳамдастӣ бо раҳбарияти пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон дар фурсати кӯтоҳтарин сабабҳои куштори зани маҳаллӣ аз ҷониби афсари пойгоҳи низомӣ Иван Шербаковро ошкор намуданд.

Ҳамчунин зикр гардида буд, ки хизматчии ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон Иван Шербаков, ки 

ба қатли як зани тоҷик

 Шоира Ҷобироваи 22-сола гумонбар дониста мешавад, 

ба тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и

 №1-и шаҳри Душанбе интиқол гардида, то ахири тафтишот – 6 январи соли 2016 дар он ҷо қарор хоҳад дошт. Дар ин бора қаблан 

Радиои Озодӣ

 бо истинод ба манбаъҳои наздики худ ба тафтишот иттилоъ дода буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.