Қабули қонуни афви 15-ум дар Тоҷикистон

Date:


Вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ имрӯз лоиҳаи қонуни аз ҷониби президент пешниҳодшуда



«Дар бораи авф»



-ро маъқул шумориданд, ки тӯли соҳибистиқлолии Тоҷикистон қонуни афви 15-ум ба шумор меравад.

Қонун нисбати 12 ҳазор нафар гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандагон ва маҳкумшудагон мавриди амал қарор дода мешавад.

Зимни шарҳи қонун ба вакилон дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси намояндагон прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон қайд кард, ки қонуни афв нисбати шахсоне, ки ба ҷиноятҳои ниҳоят вазнин, аз қабили хиёнат ба ватан, ҷосусӣ, терроризм, куштори бераҳмона даст задааанд, мавриди амал қарор намегирад.

Ба гуфтаи ӯ, парвандаҳои ҷиноӣ нисбати шахсоне, ки мавриди афв қарор гирифтаву дар ҷустуҷӯ қарор доранд, ғоибона қатъ мешавад. Ин тадбир барои пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ пеш гирифта мешавад.

Прокурори генералӣ зикр кард, ки шахсони ба ҷиноятҳои марбут ба воситаҳои молиявӣ ва қаллобӣ дастдошта бо шарти ҷуброни зарар афв карда мешаванд.

Мутобиқи қонун, сеяки муҳлати ҷазои шахсони ба ҷиноятҳои вазнин дастдошта ва чоряки муҳлати шахсони ҷиноятҳои ниҳоят вазнин содиркарда кам карда мешавад.

Прокурори генералӣ таъкид дошт, ки қонуни афв ба шахсоне, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ ба қонуншиканӣ даст задаанд ва шахсони қаблан афвшуда дахл нахоҳад дошт.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...