Оғози Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиҳо дар Иссиқкӯл

Шоми шанбеи 3 сентябр дар ипподроми шаҳри Чолпон-Отаи вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон маросими ифтитоҳи ботантанаи Бозиҳои II ҷаҳонии кӯчиҳо баргузор шуд. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, дар ин Бозиҳо ҳудуди 1000 варзишгари беш аз 50 кишвари ҷаҳон ширкат дорад. Зимнан, дар Бозиҳои I ҷаҳонии кӯчиҳо, ки моҳи сентябри соли 2014 дар Чолпон-Отаи Қирғизистон баргузор шуда буданд, […]

Радиои Озодӣ

Шоми шанбеи 3 сентябр дар ипподроми шаҳри Чолпон-Отаи вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон маросими ифтитоҳи ботантанаи Бозиҳои II ҷаҳонии кӯчиҳо баргузор шуд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, дар ин Бозиҳо ҳудуди 1000 варзишгари беш аз 50 кишвари ҷаҳон ширкат дорад. Зимнан, дар Бозиҳои I ҷаҳонии кӯчиҳо, ки моҳи сентябри соли 2014 дар Чолпон-Отаи Қирғизистон баргузор шуда буданд, ҳудуди 800 варзишгар аз 19 кишвар ширкат дошт.

Ба барномаи бозиҳои дувум 23 намуд дохил аст, ки ин нисбат ба бозиҳои аввал 13-то зиёд аст (қувваозмоиҳои якҳарба, пойга ва рақобатҳои асптозӣ, мусобиқоти камонварӣ, намоиши намудҳои мухталифи паррандаҳои шикорӣ).

 

Ба ҷуз мусобиқот дар доираи Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиҳо чорабиниҳои дигар, монанди барномаҳои фарҳангиву оммавӣ дар дараи Кирчин, фестивал ё ҷашнвораи ҳайкалтарошӣ аз қум, конфронси илмии «Тамаддуни кӯчиҳо: мероси таърихӣ ва замона» доир мешаванд.

Бозиҳои II ҷаҳонии кӯчиҳоро наздики 500 нафар намояндагони васоити ахбори умуми маҳаллӣ ва хориҷӣ инъикос мекунанд.

Дар мусобиқот аз рӯи барномаи бозиҳо, инчунин 37 варзишгар аз Тоҷикистон ширкат дорад, ки дар байни онҳо ду нафар занон – Гуландом Ҳалимова ва Ирода Шерматова – ҳастанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.