Таҷлили 20-умин солгарди ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Ваҳдат

Ҷашни 20-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ соли 2017 дар шаҳри Ваҳдат таҷлил мегардад. Ин санаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон шурӯъ аз соли 1997 ҳамасола рӯзи 27 июн ҷашн гирифта мешавад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар ин бора аз ҷониби президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон […]

Аваз Юлдошев

Ҷашни 20-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ соли 2017 дар шаҳри Ваҳдат таҷлил мегардад. Ин санаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон шурӯъ аз соли 1997 ҳамасола рӯзи 27 июн ҷашн гирифта мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар ин бора аз ҷониби президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дастури дахлдор ба имзо расида, чорабиниҳои асосии идона санаи 27 июни соли 2017 дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат бо 25 ҳазор ҷойи нишаст доир мегарданд.

Айни замон корҳои сохтмон дар ин варзишгоҳ босуръат идома доранд. Маблағи бунёди варзишгоҳи мазкур беш аз 53 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки санаи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав миёни ҳукумати вақти Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки ба ҷанги шаҳрвандии тӯлони хотима гузошт. Аз ҳамон замон ин сана дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.