Нерӯгоҳи Роғун бо дастгоҳҳои муосири Siemens муҷаҳҳаз мешавад

Date:

Консерни фаромилии Siemens-и Олмон дар нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки сохтмонаш дар Тоҷикистон идома дорад, таҷҳизоти муосири энергетикӣ насб мекунад.

Бино ба маълумоти портали энергетикии Focus, ояндаи наздик ба майдони сохтмони нерӯгоҳи Роғун ду дастгоҳи комплектии баландшиддати тақсимотӣ оварда мешаванд, ки истеҳсоли консерни Олмон мебошанд.

Гуфта мешавад, ин дастгоҳҳо ба қабули шиддати баланд ва тақсимоти минбаъдаи он ба истеъмолгарон хизмат карда, бо низоми пайгирии онлайн муҷаҳҳазанд, ки ба ташхиси фосилавии таҷҳизот имкон медиҳад.

Зимнан зикр мегардад, ки муҳлати кори дастгоҳҳои мазкур 50 солро ташкил дода, онҳо қариб амалан ба таъмиру хизматгузорӣ эҳтиёҷ надоранд. «Барои ин дастгоҳҳои хеле боэътимоду қавӣ ҷои зиёде лозим набуда, онҳо садои баланд ва нурафкании электромагнитии хеле паст доранд», – омадааст дар маълумот.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...