Таваҷҷуҳи Тоҷикистон ба «шабакаҳои боақл»-и таъмини энергия

Date:

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ба таҷрибаи ҷорӣ кардани «шабакаҳои боақл» дар Бошқирдистон таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Ӯ бар ин назар аст, ки чунин технологияҳо ба коҳиши талафоти нерӯи барқ дар Тоҷикистон кумак карда метавонанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ширкати «Башкирэнерго», ҳафтаи гузашта дар чаҳорчӯби Форуми энергетикии Русия Усмоналӣ Усмонзода ба шаҳри Уфа сафар карда, раҳбарияти корхона ба вазири тоҷик доир ба таҷдиди комплекси шабакаи барқии шаҳр бо истифода аз таркибҳои Smart Grid муфассал маълумот додаанд.

Вазири тоҷик изҳор доштааст, ки таҷрибаи ширкати шабакаҳои барқии Бошқирдистон шоистаи омӯзишу мавриди истифода дар Тоҷикистон буда, ба ҳаллу фасли масъалаи коҳиши талафоти барқ дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Усмоналӣ Усмонзода ба кори шабакаҳои барқии Уфа таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Қобили зикр аст, ки талафоти барқ яке аз мушкилоти асосӣ дар бахши энергетикаи Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Тибқи маълумоти расмӣ, талафоти солонаи нерӯи барқ дар шабакаҳои кишвар зимни интиқолу тақсими он 15-17% – то 3 млрд. кВт/соатро ташкил медиҳад. Ғайрирасмӣ коршиносон бар ин назаранд, ки ин нишондиҳанда бамаротиб болотар аст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...