«Саводнокии молиявӣ»: қаллобӣ тариқи почтаи электронӣ

Date:

Дар мавзӯи гузашта, мо оид ба чораҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи банкомат гуфтем, имрӯз дар бораи қаллобӣ тариқи почтаи электронӣ сухан меронем.

Одатан, ҳангоми ба интернет васл шудан, аввалин чизе, ки мо мекунем, тафтиши почтаи электронӣ аст. Бале, бале, ин коре аст, ки ҳар нафари дуюми истифодабарандаи Интернет дар Амрико ва сеюм дар Русия анҷом медиҳад! Суроғаи электронии истифодабаранда – ин як навъи шиносномаи ӯст, зеро почтаи электронӣ нотакрор аст. Танҳо истифода бурдани як суроға аз тарафи якчанд нафар имкон дорад. Қаллоб низ инсон аст ва ӯ аз ин беҳтар аз Шумо огоҳ аст. Акнун биёем сари масъала.

Биёед нақшаҳои маъмули қаллобиро тавассути почтаи электронӣ ва амалҳое, ки ба Шумо ба доми онҳо наафтиданро кӯмак  мекунад, дида мебароем.

1. Паём оид ба ғолибияти Шумо дар лотереяи интернетӣ, ки дар байни суроғаҳои почтаи электронӣ гузаронида шудааст.

 Тавсия. Паёмро аз почтаи худ хориҷ кунед.

Дар хотир доред!

– Супоридани мукофотҳо танҳо бевосита сурат мегирад. Агар Шумо чипта харида, натиҷаҳоро дар охири муомилот санҷидед ва ба хулоса омадед, ки ғолиб ҳастед, пас Шумо бояд ба намояндаи расмии лотерея, ки  супоридани мукофотро анҷом медиҳад, муроҷиат намоед. Дар ҳар як чиптаи лотерея бо ҳарфҳои хурд ҳангоми бурд кардан чи бояд кард, навишта шудааст. Ба он амал намоед. Агар Шумо чиптаро онлайн харидед, ба ҳисоби худ дароед ва бинед, ки ба тавозунатон маблағи бурдшуда гузаштааст ё паём дар бораи он, ки ба Шумо оғоз кардани раванди расмии гирифтани мукофот, омадааст.

– Оё Шумо дар лотерея иштирок кардаед? Агар Шумо мактуб, занги телефон ё паёми электронӣ ба почта дар бораи бурд дар лотерея гирифтед ва ба дурустии паём боварӣ доред, пас ба хотир оред, оё Шумо дар лотерея иштирок кардаед, агар не, пас Шумо бурд карда ҳам наметавонистед. Қаллобон  даъво хоҳанд кард, ки касе Шуморо ғолиб интихоб кардааст ё ин ки Шумо тасодуфӣ интихоб шудаед, аммо дар хотир доред, ки лотерея чунин амал намекунад, бинобар ин, ҳар чизе, ки ба Шумо қаллобон мегӯянд дурӯғ аст.

Пас аз гирифтани мактуби электронӣ ё хаттӣ, оид ба ғолибиятатон дар лотерея, бо мақсади роҳ надодан ба ҳар гуна камбудиҳо ба мундариҷаи он диққат диҳед. Агар Шумо фикр мекунед, ки мактуб дуруст аст, бодиққат назар кунед, аксаран қаллобон номҳои ташкилотҳои номавҷуди лотереяро истифода мебаранд. Инчунин ба хатоҳои грамматикӣ ва имлоӣ диққат диҳед, чуноне, ки дар намунаи паёми электронӣ нишон дода шудааст, қаллобоне, ки забони русиро намедонанд, аксаран ба хатоҳо роҳ медиҳанд.

– Бояд дар хотир нигоҳ доред, ки ташкилкунандагони лотерея маълумотро дар бораи бурд ба почтаи электронӣ равон намекунанд ва барои идомаи иштирок маблағ талаб намекунанд.

2. Паёми шахси номаълум оид ба вафоти хешу табори дур, ки ба Шумо мерос гузоштааст ва барои гирифтани ин мерос Шумо бояд маблағ равон кунед.

Тавсияҳо.

– Воҳима накунед. Агар Шумо ба дурӯғ будани хабар боварӣ надоред, пас муайян кунед, ки оё чунин хешу табор доред.

– Хешу таборҳои худро шиносед ва ба ҳуқуқшиносоне , ки аз Шумо барои фаъолсозии суратҳисоби хешу табори вафоткарда маблағ талаб мекунанд, бовар накунед.

3. Номаи мӯътамад гӯё аз маъмурияти ягон сомона барои пешниҳод кардани маълумотҳои аккаунт барои ворид ва аз байн бурдани баъзе аз хатоҳо.

4. Мактуб аз сомонаи эълонҳо барои гузаштан ба истинод барои азнавкунии эълон, лекин Шумо ягон эълон нанавиштаед.

5. Мактуб дар бораи ба қайд гирифтани аккаунти Шумо ва фиристодани маълумотҳо равон мекунанд, вале  Шумо дар он ҷо қайд нашудаед.

6. Мактуб бо ҷавоб ба эълони ҷои кори холӣ, ки Шумо нагузоштаед, аммо ба пешниҳод шавқмандед.

7. Муроҷиати аҷиб ва хеле боваринок бо пешниҳоди ҳамкорӣ ё шиносоӣ, ки дар он аз Шумо хоҳиш мекунанд, ки ба истинод гузаред.

8. Паём бо сурат дар аввал безарар метобад, аммо дар худ коди зарарасон дорад, ки паролҳои Шуморо медуздад.

9. Паёми аҷибе, ки барои маҳкам кардани он ба дигар истинод гузаштанро пешниҳод мекунад.

Тавсияҳо.

1. Аз куҷо ва барои чи фиристода шудани паёмҳоро дилпурона дарк намоед!

2. Дар кадом истинод ё сурат мавҷуд будани коди зараррасон, ки кодҳоро дуздида, ба кори компютери Шумо халал мерасонад, бидонед.

3. Бидонед, ки ҳеҷ сомонаи Интернетӣ баръакси қоидаҳои худ, ки Шумо бояд ҳатман онро хонед, амал намекунад. Иқрор шавед, ки ҳангоми бақайдгирӣ, Шумо ҳеҷ гоҳ қоидаҳоро намехонед. Дар он ҷо шояд қайд шудааст, ки ҳангоми ба қайдгирӣ ба гирифтани паёмҳо розӣ ҳастед. Яъне, бохабар бошед ва пеш аз қайдгирӣ бо қоидаҳои сомона шинос шавед.

4. Бидонед, итоат кардан ба шахсе, ки чизе аз Шумо металабад, ҳатто ночиз ҳам бошад, ба мисли тугмаро пахш кардан ё кушодани сурат, хусусан интиқоли маблағ, мумкин нест.

5. Дар хотир дошта бошед, ки барои ба Шумо мактуб навиштан донистани почтаи электронӣ шарт нест, маълумотҳое, ки ҳангоми кушодани суроғаи почтаи электронӣ пур кардаед, ба ҳама аён аст. Бинобар ин, тааҷҷуб накунед, ки ному насаби Шуморо касе медонад.

6. Ҳангоми бақайдгирӣ дар сомонаи Интернетӣ, ҳатман дар блокнот (агар Шумо фаромӯш кунед ё одати қоидаро хондан надошта бошед) ишора намоед, баъдан тафтиш кардани бақайдгириатон осон мегардад.

Дар мавзӯи оянда, мо оид ба хусусиятҳои қаллобии мобилӣ сухан меронем.

Маводҳои рубрикаи “Саводнокии молиявӣ” дар доираи созишномаи ҳамкории муштараки ҶСП “Спитамен Бонк” ва  ҶДММ Агентии Иттиллоотии “Азия-плюс” дар соҳаи баландбардории маълумотнокии молиявии аҳолӣ омода шудаанд.

Дар таҳияи иттилоот маводи таълимии: Ҳикматов У.С., Койчуева М.Т. Асосҳои саводнокии молиявӣ: маводи таълимӣ. – Б.: ДСРК, 2015. –саҳ. 150-152 истифода шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...