«Тоҷик Эйр» парвозҳо бо хатсайри «душвортарин дар ҷаҳон»-ро барқарор мекунад

Ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ояндаи наздик парвозҳо бо хатсайри Душанбе – Хоруғро барқарор карданист. Муддати аллакай як моҳ (аз аввали моҳи октябр) аст, ки парвози ҳавопаймоҳо тариқи ин хатсайр анҷом дода намешаванд. «Бинобар сабаби анҷом додани корҳои зарурии техникӣ дар ҳавопаймои Ан-28» парвози ҳавопаймоҳо бо хатсайри Душанбе – Хоруғ муваққатан боздошта мешавад», – хабар […]

Asia-Plus

Ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ояндаи наздик парвозҳо бо хатсайри Душанбе – Хоруғро барқарор карданист. Муддати аллакай як моҳ (аз аввали моҳи октябр) аст, ки парвози ҳавопаймоҳо тариқи ин хатсайр анҷом дода намешаванд.

«Бинобар сабаби анҷом додани корҳои зарурии техникӣ дар ҳавопаймои Ан-28» парвози ҳавопаймоҳо бо хатсайри Душанбе – Хоруғ муваққатан боздошта мешавад», – хабар дода ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии ҶСК «Тоҷик Эйр» Азиз Хайруллоев.

Ӯ ҳамчунин маъзарати раҳбарияти ширкатро барои шароити номусоид ба вуҷуд овардан ба мусофирон дар ин самт изҳор намуд. «Қатъи парвозҳо бо ин хатсайр муваққатӣ буда, ояндаи наздик ширкат онҳоро барқарор карданист», – гуфт Хайруллоев.

Қобили зикр аст, ки ахиран ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» парвозҳо бо хатсайри Душанбе – Хоруғ – Душанберо тариқи ягона ҳавопаймоҳои боқимонадаи АН-28 анҷом медиҳад, ки барои ин иҷозатномаи дахлдор дорад. Дигар навъҳои ҳавопаймоҳои ширкат бо сабаби релйефи душвори кӯҳистон чунин парозҳоро анҷом дода наметавонанд.

Масъулони бахши авиатсионии кишвар қаблан тасдиқ карда буданд, ки ин ҳавопаймоҳо ба ҳамаи талаботи меъёрҳои байнулмилалӣ ҷавобгӯянд, вале дар амал парвоз бо ин ҳавопаймоҳо торафт хатарнок мешаванд.

Файзулло Сатторов, муовини директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» соли гузашта ба рӯзноманигорон дар ин робита изҳор намуда буд, ки парвози ҳавопаймоҳо бо хатсайри Душанбе – Хоруғ яке аз душвортарин дар ҷаҳон аст

«Сарфи назар аз ин душвориҳо, аз нигоҳи иқтисодӣ ин хатсайр даромад наоварда, зиёновар аст. Ба ҷуз ду ҳавопаймои навъи Ан-28, мо дигар ҳавопаймоҳоро дар ин самт истифода бурда наметавонем», – иброз дошта буд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Зиёдулло Шаҳидӣ то даргузашти Саъдулло Раҳимов ва Рӯзи байналмилалии оташнишонҳо

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршиносон мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд