Таваррум дар Тоҷикистон аз сатҳи пешбинишуда зиёд намешавад

Date:

Ба ҳукумати Тоҷикистон имсол ба гумони ғолиб муяссар хоҳад шуд, ки таваррумро дар сатҳи пешбинишуда нигоҳ дорад. Аз рӯи натиҷаҳои 10 моҳ нарху тарифҳо 5,2% боло рафта, афзоиши нархи билети ҳавопаймоӣ ба андозаи 44% аз ҳама назаррастар аст.

Сатҳи миёнаи моҳонаи таваррум дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ 0,52%-ро ташкил додааст. Ҳамин тариқ, агар то охири соли равон ягон чизи ғайритабиие дар ин самт ба вуқӯъ напайвандад, мизони таваррум аз рӯи натиҷаҳои сол на бештар аз 6,3%-ро ташкил хоҳад дод. Ҳукумат бошад, сатҳи таварруми соли 2016-ро ба андозаи 7% пешбинӣ карда буд.

Бо вуҷуди ин, сатҳи таваррум тӯли 10 моҳи соли ҷорӣ аллакай 0,1% бештар аз мизони таварруми тамоми соли гузашта аст. Ёдрас мекунем, ки соли 2015 мизони таврррум дар ҷумҳурӣ ба 5,1% баробар шуда буд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, таваррум имсол аз ҷумла аз ҳисоби болоравии нархҳо ба маҳсулоти хӯрокворӣ (5,2%) ташаккул ёфта, нархҳо бештар ба ярмаи марҷумак (гречневая крупа) – 36%, себ – 35%, сабзӣ – 25% ва шакар – 21% афзудаанд.

Арзиши маҳсулоти ғайриғизойӣ аз оғози сол 5% боло рафт. Ин болоравӣ аз ҳисоби афзоиши нарх ба қолинҳои нимапашмӣ – 35%, куртаҳои мардона – 20%, дастгоҳу таҷхизоти доруворӣ (фармасевтӣ) – 10% ва ғайра ба вуҷуд омадаанд.

Тӯли 10 моҳи соли равон нархҳои хизматгузориҳои пулакӣ ба аҳолӣ 5,3% боло рафтанд. Масалан, аз оғози сол арзиши сафар бо ҳавопаймо 44%, истифодаи гази моеъ – 23% ва нархи билетҳои қатораҳои роҳи оҳан – 1,5% зиёд шудаанд.

МЕДИА (IFRAME)

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...