Майдони ба номи Ислом Каримов дар шаҳри Тошканд

Иҷрокунандаи вазифаи президенти Ӯзбекистон, нахуствазири ин кишвар Шавкат Мирзиёев пешниҳод кардааст, ки дар шаҳри Тошканд майдони ба номи Ислом Каримов бунёд гардад. «Барои абадӣ гардонидани хотираи ин шахсияти маъруф ва бар асоси пешниҳодҳои сершумори ҳамватанон пешниҳод мекунам, ки дар маркази пойтахти кишварамон майдони бузурги ба номи Ислом Каримов бунёд гардида, дар он ҳайкали президенти нахустини […]

Наим Халимов

Иҷрокунандаи вазифаи президенти Ӯзбекистон, нахуствазири ин кишвар Шавкат Мирзиёев пешниҳод кардааст, ки дар шаҳри Тошканд майдони ба номи Ислом Каримов бунёд гардад.

«Барои абадӣ гардонидани хотираи ин шахсияти маъруф ва бар асоси пешниҳодҳои сершумори ҳамватанон пешниҳод мекунам, ки дар маркази пойтахти кишварамон майдони бузурги ба номи Ислом Каримов бунёд гардида, дар он ҳайкали президенти нахустини Ӯзбекистон қомат афрозад», – гуфтааст Шавкат Мирзиёев зимни суханронӣ назди интихобкунандагони шаҳри Тошканд. Дар ин бора хабаргузории REGNUM иттилоъ медиҳад.

Қаблан аввали моҳи ноябр як майдони мавзеи Якиманкаи шаҳри Маскав низ Ислом Каримов номгузорӣ шуд. Дар шаҳрдории Маскав дар ин робита изҳор дошта буданд, ки Ислом Каримов номгузорӣ шудани ин майдонро донишмандон, сиёсатмадорон ва аҳли ҳунари Русия ва Ӯзбекистон дархост кардаанд.

Ёдрас мекунем, ки санаи 4 ноябр дар Ӯзбекистон маъракаи пешазмуҳлати интихоботи президенти ин кишвар доир мегардад. Айни замон дар ин ҳамсоякишвар маъракаи овоздиҳии пешазмуҳлат ҷараён дорад, ки то 2 декабр идома меёбад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршинос мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер