Вазорати маориф: чорабиниҳои солинавӣ дар кӯдакистонҳоро манъ накардаем

Чорабиниҳои идонаи солинавиро дар кӯдакистонҳои Тоҷикистон алҳол касе манъ накардааст, вале ҳоло маълум нест, ки кор чӣ гуна сурат мегирад, зеро соли гузашта қарори гузоштани арчаҳои солинавӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ баъди 20 декабр қабул шуда буд. Чанд нафар волидони тарбиятгирандагон кӯдакистонҳои вилояти Суғд ба идораи «Азия-Плюс» муроҷиат намуда, изҳор доштанд, ки онҳоро дар бораи […]

Asia-Plus

Чорабиниҳои идонаи солинавиро дар кӯдакистонҳои Тоҷикистон алҳол касе манъ накардааст, вале ҳоло маълум нест, ки кор чӣ гуна сурат мегирад, зеро соли гузашта қарори гузоштани арчаҳои солинавӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ баъди 20 декабр қабул шуда буд.

Чанд нафар волидони тарбиятгирандагон кӯдакистонҳои вилояти Суғд ба идораи «Азия-Плюс» муроҷиат намуда, изҳор доштанд, ки онҳоро дар бораи имсол манъ шудани баргузории чорабиниҳои солинавӣ дар муассисаҳои томактабӣ огоҳ кардаанд. Баҳри рӯшанӣ андохтан ба ин масъала ба Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ муроҷиат карда, аз он ҷо ҷавоби рад гирифтем.

«Дар бораи чорабиниҳои идонаи солинавӣ дар муассисаҳои томактабӣ ҳеҷ гуна қароре қабул нашудааст. То Соли нав ҳоло як моҳи дигар фурсат аст ва агар дар ин хусус ягон тасмиме гирифта шавад, мо онро албатта дар сомонаи худ ва сомонаи Агентии давлатии «Ховар» нашр мекунем. Алҳол дар бораи манъи чорабиниҳои солинавӣ ҳеҷ тасмиме гирифта нашудааст», – иттилоъ дод ба «Азия-Плюс» дар ин робита котиби матбуотии Вазорат Эҳсон Хушбахт.

Дар Раёсати маорифи вилояти Суғд низ қайд карданд, ки баргузории чорабиниҳои идонаи соли навиро манъ накардаанд. «Мо дар бораи манъи ин гуна чорабиниҳо дар кӯдакистонҳо ҳеҷ дастуре надодаем», – хабар дод ба «Азия-Плюс» сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзод.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ дастур дода буд, ки дар ҷашни Соли нави милодӣ нишони асосии ин ид – арчаро дар муассисаҳо нагузоранд. Ин қарор аз ҷониби вазири маориф Нуриддин Саид баъди санаи 20 декабр ба имзо расида буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.